Дар Маркази миллии қонунгузорӣ оид ба мубориза бо коррупсия ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия мулоқот доир шуда, дар он роҳбарият, кормандони марказ ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттиооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон.
Зимни мулоқот Директори Марказ Изатулло Саидзода иброз дошт, ки вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) амалӣ мегардад.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ изҳор намуд, ки «коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад».
Зимни вохӯрӣ инчунин оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози ақида карда шуд.
АКС: ММҚ








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






