Дар СММ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2022 шумораи бекорон дар ҷаҳон ба 207 млн мерасад

Январь 18, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони байналмилалии  меҳнат (СБМ, муассисаи махсуси СММ) интизор аст, ки шумораи бекорон дар ҷаҳон дар соли 2022 ба 207 миллион нафар мерасад, ки нисбат ба давраи пеш аз буҳрони соли 2019  21 миллион нафар зиёдтар аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар маърӯзаи Созмони мазкур, ки дирӯз 17 январ дар Женева ба нашр расид, гуфта мешавад.

«Интизор меравад, ки бекории ҷаҳонӣ ҳадди ақалл то соли 2023 болотар аз сатҳи пеш аз  [пандемияи] COVID-19 боқӣ мемонад,- баён доштаанд муаллифони маърӯза. –Соли 2022 бино ба баҳодиҳӣ, шумораи он ба 207 миллион нафар баробар мешавад, ин дар ҳоле ки соли 2019 ин рақам 186 миллионро ташкил дода буд».

Зикр карда мешавад, ки «СБМ пастравии сатҳи барқароршавии бозори  меҳнатро дар соли 2022 дида баромад». Ин «то андозае таъсири намудҳои охирини COVID-19, ба монанди «делта» ва «омикрон»-ро ба ҷаҳони меҳнат ва инчунин номуайянии чашмрасеро нисбат ба ояндаи пандемия инъикос менамояд». «Тибқи пешгӯиҳои рушди иқтсодӣ, СБМ  интизор дорад, ки соати умумии кор дар соли 2022 тақрибан 2% камтар аз сатҳи пеш аз пандемия боқӣ хоҳад монд»,-омадааст дар маърӯза. Моҳи июн СБМ тахлил намуд, ки ин нишондиҳанда соли 2022 камтар аз 1% паст мегардад.

Бино ба гуфтаи коршиносон, буҳрони аз пандемия бавуҷудомада ба «гурӯҳҳои коргарон ва кишварҳои онон» таъсири гуногун гузошт, ки ин «нобаробарӣ дар дохил ва байни кишварҳоро амиқтар намуда, асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҳамаи давлатҳоро заиф хоҳад кард». Кишварҳое, ки даромади баланд доранд, дар бозори меҳнат нисбат ба аҳолии худ болоравии қавитар нишон медиҳанд, дар ҳоле ки вазъияти кишварҳои дорои даромади миёна дар ҳоли бадтар шудан аст.

«Пас аз ду соли буҳрон дурнамо заиф боқӣ мемонад ва роҳ ба сӯйи барқароршавӣ- суст ва ноустувор аст»,-изҳор намуд директори генералии СБМ Гай Райдер. Ба гуфтаи ӯ, «эҳёи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ» бидуни беҳбудӣ бахшидан ба вазъи бозори меҳнат вуҷуд дошта наметавонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Пешвои миллат: «Дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем»
Эмомалӣ Раҳмон: «Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид