Дар СММ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2022 шумораи бекорон дар ҷаҳон ба 207 млн мерасад
ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ, муассисаи махсуси СММ) интизор аст, ки шумораи бекорон дар ҷаҳон дар соли 2022 ба 207 миллион нафар мерасад, ки нисбат ба давраи пеш аз буҳрони соли 2019 21 миллион нафар зиёдтар аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар маърӯзаи Созмони мазкур, ки дирӯз 17 январ дар Женева ба нашр расид, гуфта мешавад.
«Интизор меравад, ки бекории ҷаҳонӣ ҳадди ақалл то соли 2023 болотар аз сатҳи пеш аз [пандемияи] COVID-19 боқӣ мемонад,- баён доштаанд муаллифони маърӯза. –Соли 2022 бино ба баҳодиҳӣ, шумораи он ба 207 миллион нафар баробар мешавад, ин дар ҳоле ки соли 2019 ин рақам 186 миллионро ташкил дода буд».
Зикр карда мешавад, ки «СБМ пастравии сатҳи барқароршавии бозори меҳнатро дар соли 2022 дида баромад». Ин «то андозае таъсири намудҳои охирини COVID-19, ба монанди «делта» ва «омикрон»-ро ба ҷаҳони меҳнат ва инчунин номуайянии чашмрасеро нисбат ба ояндаи пандемия инъикос менамояд». «Тибқи пешгӯиҳои рушди иқтсодӣ, СБМ интизор дорад, ки соати умумии кор дар соли 2022 тақрибан 2% камтар аз сатҳи пеш аз пандемия боқӣ хоҳад монд»,-омадааст дар маърӯза. Моҳи июн СБМ тахлил намуд, ки ин нишондиҳанда соли 2022 камтар аз 1% паст мегардад.
Бино ба гуфтаи коршиносон, буҳрони аз пандемия бавуҷудомада ба «гурӯҳҳои коргарон ва кишварҳои онон» таъсири гуногун гузошт, ки ин «нобаробарӣ дар дохил ва байни кишварҳоро амиқтар намуда, асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҳамаи давлатҳоро заиф хоҳад кард». Кишварҳое, ки даромади баланд доранд, дар бозори меҳнат нисбат ба аҳолии худ болоравии қавитар нишон медиҳанд, дар ҳоле ки вазъияти кишварҳои дорои даромади миёна дар ҳоли бадтар шудан аст.
«Пас аз ду соли буҳрон дурнамо заиф боқӣ мемонад ва роҳ ба сӯйи барқароршавӣ- суст ва ноустувор аст»,-изҳор намуд директори генералии СБМ Гай Райдер. Ба гуфтаи ӯ, «эҳёи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ» бидуни беҳбудӣ бахшидан ба вазъи бозори меҳнат вуҷуд дошта наметавонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






