ДАР ТОҶИКИСТОН «ОМИКРОН» ҲАСТ Ё НЕ? Андешаҳои мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева дар ин бора

Январь 27, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 / АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 21 январ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дубора гирифтор шудани сокинони мамлакат ба бемории COVID-19 хабар дод. То ҳол дар бораи ба кадом штамми COVID— 19 гирифтор шудани беморон маълумоти расмӣ нашр нагардидааст.

Мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева ба саволи хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар бораи он ки оё дар Тоҷикистон штамми «омикрон» ҳаст ё не, посух додааст, ки сокинон гирифтори бемории  COVID-19  ҳастанд, озмоишҳои мусбати ин беморӣ рӯзҳои охир афзоиш ёфтааст, лекин аниқ гуфта наметавонад, ки ин штамми «омикрон» аст, зеро барои чунин гуфтан  далел мавҷуд нест.

«Нишонаҳои он [бемории мавҷуда] ба [оризаҳои] штамми «омикрон» бисёр монандӣ доранд. Нишонаҳои хоси «омикрон» чунинанд, ки беморӣ бисёр тез авҷ мегирад, тамоми аҳли оила метавонанд якбора гирифтори ин беморӣ шаванд, ҳарорати бадан баланд мешавад, бештар таби кӯдакон баланд  мегародад, дарди гулӯ, димоғи маҳкам муддати ду-се рӯз идома ёфта, баъди чанд рӯз сулфаи шадид, беҳолию бемадорӣ пайдо мешавад. Ин аломатҳо пештар дар  COVID-19   дида мешуданд», — шарҳ додааст табиби тоҷик.

Ноҳида Ҳамроалиева барои табобати  штамми «омикрон»  тавсия дода, мегӯяд, ки табобаташ ба мисли бемориҳои пешинаи  COVID-19    аст, фақат аз сабабе ки ин штамм нисбатан сабуктар мегузарад, ориза нисбатан камтар рух медиҳад, доруҳои гормондор ва антикоагулянт қариб ки истифода намешаванд. «Асосан беморӣ бо доруҳои зиддивирусӣ ва доруҳои симтоматикӣ, ба мисли  парасетамол, аспирин, витамини С ва синк табобат карда мешавад», — афзуд ӯ.

Доир ба он ки киҳо метавонанд ба штамми «омикрон» гирифтор шаванд, Ноҳида Ҳамроалиева мегӯяд, ки ин беморӣ ба  ҳама- кӯдакон, ҷавонон ва пирон  сироят мекунад. Ба гуфтаи ӯ, фарқи ин штамм аз «делта» дар он аст, ки ба 80-90 фоизи одамон тез сироят мекунад ва ба зудӣ мегузарад ва ҷараёни беморӣ нисбатан сабуктар аст.

«Агар ҷавонон як рӯз  то 37,5-38 дараҷа таб кунанд, дигар нороҳатии зиёд надоранд. Калонсолон мумкин аст, ки аз сулфаи дуру дароз хаста шаванд, бемороне ҳастанд, ки беҳолию бемадорӣ онҳоро нораҳат месозад. Дар ин намуд гирифторони бемории илтиҳоби шушро мо нисбатан кам мебинем. Ба фикри ман ин аз он сабаб аст, ки бисёр одамон ваксина гирифта, аллакай аз ин беморӣ подтан (иммунитет) пайдо намудаанд», — иброз намуд мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева.

                                                    АКС аз манбаҳои боз

Январь 27, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»