ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиёда аз 1500 бех дарахтони тут ва мевадиҳандаю ороишӣ шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавсими ниҳолшинониро идома дода, дар ҷамоатҳои деҳоти Чубек ва Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод зиёда аз 1500 бех дарахтони тут ва ниҳолони мевадиҳандаю ороишӣ шинонида шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ хабар доданд.
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия инчунин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Абдулфайз», «Давлаталӣ-2005»-и Ҷамоати деҳоти Чубек зиёда аз 600 адад ва дар хоҷагиҳои деҳқонии «Самар», «Зарафшони панҷ», «Аҳмадбой» ва «Умед»-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод зиёда аз 900 адад ниҳолони сояафкану мевадиҳанда шинониданд.
Ҳар сол дар ҳудуди ноҳия бо қувваи ҳашарчиён садҳо бех дарахтони гуногун шинонда мешаванд, ки онҳо ба ҳусни ноҳия таровати тоза мебахшанд.
Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чубек 1510 бех ва Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод 1560 бех дарахтони гуногун шинонида шудаанд.
АКС аз МИҲД Ҳамадонӣ








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






