ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ! Дар Узбекистон афзоиши ногаҳонии гирифторони коронавирус мушоҳида гардид

Январь 11, 2022 12:13

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони коронавирус дар Узбекистон рӯзи якшанбе ба 389 нафар расид, ки нисбат ба як рӯзи пеш (369) 20 нафар зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Теъдоди умумии ҳолатҳои ошкоршуда аз оғози пандемия ба 200 730 нафар расидааст.

Як рӯз пеш 3 ҳолати фавт бар асари гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии расман фавтидаҳо 1497 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, як рӯз пеш аз ин иттилоъ дода шуд, ки дар Узбекистон штамми «омикрон»-и коронавирус ошкор гардид. Дар робита ба афзоиши гирифторони коронавирус дар кишвар чораҳои карантинӣ боз пурзӯр карда шудаанд.

Пайдарҳамии ҳодисаҳо

  • 7 январ дар озмоишгоҳи Маркази технологияҳои пешрафтаи Вазорати рушди инноватсионӣ штамми «омикрон» муайян карда шуд.
  • 7 январ Вазорати тандурустӣ дар бораи афзоиши якбораи шумораи беморони коронавирус дар шабонарӯзи гузашта (6 январ +251) хабар медиҳад.
  • 8 январ маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ мусоҳиба бо муовини сардори Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ Нурмат Отабековро нашр кард.  Ӯ гуфт, ки дар мамлакат «омикрон» нест.
  • 9 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки вазъ бадтар мешавад, дар як рӯзи охир – 8 январ – аллакай 369 бемор ошкор шудаанд.
  • 9 январ — дар нимаи рӯз Узбекистон ногаҳон ошкор намуд, ки дар кишвар аллакай «омикрон» мавҷуд аст. Дарҳол чораҳои нави карантинӣ ҷорӣ карда мешаванд. (АМИТ «Ховар» дирӯз дар бораи ин чораҳо хабар дода буд).

АКС аз манбаъҳои боз

 

Январь 11, 2022 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»