Хадамоти алоқа: Истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд, беш аз 2 миллион нафаранд

Январь 31, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо операторони  алоқаи мобилӣ то имрӯз чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 5 миллиону 416 ҳазору 345 адад ба қайд гирифтаанд», иброз намуд муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» барои аз нав ба қайд гирифтани SIM-кортҳои  алоқаи мобилӣ дар асоси шиносномаи  ID намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2022 ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро аз нав ба қайд гиранд.

Мавсуф афзуд, ки айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд, 2 миллиону 412 ҳазору 465 ададро ташкил медиҳад.

Инчунин дар  нишаст зикр шуд, ки  мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтории Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ, дар ин давра аз рӯи ҳисоботи пешакӣ даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа 3,1 миллиард сомониро ташкил намуд.

«Ҳоло барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ миёни вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораҳои ба шабакаи мазкур пайваст барои роҳандозии сегменти якум, яъне миёни  шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор меандешанд»,-гуфт муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд