Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Январь 22, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022 озмуни мазкур аз рӯйи 10 номина баргузор мегардад, зеро бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода се номинаи нав – «Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия», «Беҳтарин котиби матбуотӣ» ва «Рӯзноманигори соҳибмактаб» ба озмун ворид карда шудаанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар озмуни «Неруи сухан» рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.

Ҳоло қабули маводи довталабон ба озмуни мазкур аз рӯйи номинаҳои «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ», «Беҳтарин барномаи телевизионӣ», «Беҳтарин барномаи радиоӣ, подкаст ва маводи интернетӣ», «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)», «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ», «Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ», «Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» ва боз се номинаи нав — «Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия», «Беҳтарин котиби матбуотӣ» ва «Рӯзноманигори соҳибмактаб» ҷараён дошта, то 31 январ идома меёбад.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошанд.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик — 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи 10 номина, ба ҳар номина ба маблағи 1500 сомонӣ (барои ҷойи якум), 1000 сомонӣ (барои ҷойи дуюм) ва 500 сомонӣ (барои ҷойи сеюм), ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.

Ҳамчунин қабули маводи довталабон ба ҷоизаҳои адабии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин (назм), Носири Хусрав (насри бадеӣ) ва Соҳиб Табаров (дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ) идома дорад. Ғолибони ин ҷоизаҳои вилоятӣ, ки ҳар яке 5000 сомонӣ мукофот дорад, дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик моҳи марти имсол эълон хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» он ҳамасола бо мақсади таҳкими ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, дастгирии рӯзноманигорон, собиқадорони матбуот, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму ойин ва арзишҳои миллӣ, имконияти сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, гузаронида мешавад.

Ҳадафи озмуни «Неруи сухан» ҳамчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон мебошад.

АКС аз МИҲД вилояти Хатлон

Январь 22, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад