Хонандагони шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «GLOBUS» сазовори ҷойҳои намоён шуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 38 нафар хонандагони Гимназияи №1 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «GLOBUS» ҷойи ифтихориро сазовор гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
357 нафар тарбиятгирандагони Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «GLOBUS» фаъолона иштирок намуда, аз фанҳои забонҳои англисӣ ва русӣ, география, математика ва биология қувваозмоӣ намуданд. Аз ин шумора 38 нафар хонандагон ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 7 нафар ҷойи якум, 6 нафар ҷойи дуюм ва 25 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
19 январ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ба ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «GLOBUS» диплом ва шаҳодатномаҳо тақдим гардиданд.
Олимпиадаи байналмилалии «ГЛОБУС» дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ баргузор гардид, ки дар он тарбиятгирандагони Марказ фаъолона иштирок намуданд.
Олимпиадаи байналмилалии «GLOBUS» аз соли 2013 бо ибтикори Маркази рушди таҳсилоти инноватсионии Федератсияи Русия баргузор шуда, дар он хонандагони синфҳои аз 1 то 11 иштирок мекунанд.
Имсол дар Олимпиадаи байналмилалии «GLOBUS» 17 ҳазору 896 муассисаи таълимии давлатҳои гуногун бо теъдоди умумии 198 ҳазор хонанда ширкат варзиданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






