IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд

Январь 4, 2022 08:14

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд.  Ҳоло бартарафсозии тармаҳои боқимонда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш муташаккилона идома дошта, масъулин кӯшиш доранд, ки роҳ дар наздиктарин фурсат кушода шавад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Филиали ширкат  аз шаҳрвандон  хоҳиш менамояд, ки то эълони кушодашавии роҳ аз ҷониби филиали ширкат аз сафар тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чанок худдорӣ намоянд.

Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

АКС: маркази матбуоти ширкати IRS

Январь 4, 2022 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид