IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст

Январь 20, 2022 14:28

ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пайомадҳои боқимондаи тармаҳои фаромада дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок айни замон бо сафарбарнамоии техникаву механизмҳои ширкат бартараф гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он таъмин гардид. Ҳамзамон кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд, то ягон монеа барои ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур  пайдо нагардад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи   эҳтимоли фаромадани сангпораҳо, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ронандагон бояд аз эҳтиёт кор бигиранду эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар мошинҳои сабукрав ба гузариши фураҳо ва нақлиёти ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки филиали мазкур барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр  сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Дар  намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани  5600 тонна қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфтаҳост. Сӣ  техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна  ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.

Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

АКС: маркази матбуоти ширкати IRS

Январь 20, 2022 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад