Китоби «Забони тоҷикӣ» дар асоси Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ нашр шуд

Январь 12, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Забони тоҷикӣ» — чунин ном дорад китоби нави мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод, ки ба тозагӣ интишор гардид.

Тавре муаллиф Саидмуроди Хоҷазод иттилоъ дод, китоб дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ шудаанд, таълиф гардидааст.

Ба хотири вусъати бештари омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли ҷавон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Бо мақсади амалисозии ин тадбир ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин зарурати тақозои таълим Саидмуроди Хоҷазод тасмим гирифтааст, ки нахустин дастури таълимии «Забони тоҷикӣ»- ро барои донишандӯзони риштаҳои табиӣ ва риёзии донишгоҳ таълиф намояд.

Дастури таълимӣ-тахассусӣ фарогири грамматикаи забони тоҷикӣ, махсусан имлои забони тоҷикӣ, матнҳо барои ихтисосҳои риштаи табиӣ-риёзӣ, пурсиш, машқу супоришҳои марбут ба мавзӯъ, байтҳои пандуахлоқӣ мебошад, ки дар асоси усулҳои нави омӯзиши фанни забони тоҷикӣ дар ҳамоҳангӣ бо ихтисосҳо навишта шудааст.

Китоб аз чор боб иборат буда, дар боби аввал оид ба «Мақоми забон дар ҷомеа, талаффуз ва имло» маълумоти мукаммал фароҳам омада, дар пешниҳоди мавзӯъ ва пурсишу супоришҳо дидгоҳи нав мушоҳида мегардад. Қоидаҳои имло тарзи дурусти навишторро нишон медиҳанд, матнҳои тахассусӣ сатҳи дониши хонандаро боло мебаранд, супоришҳо ҷаҳони маънавии толибилмро ғанӣ мегардонанд, пораҳои шеърӣ савияи фикрро тақвият мебахшанд. Аксари матнҳо дастнахӯрдаанд, усули нави ифодаи маънои пораҳои шеърӣ ба ҷумлаҳо салиқаи баёни фикр бо матнро ташаккул ва нутқи хаттии донишҷӯро мураттаб мегардонанд.

Боби дуюм фарогири «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» аст. Бо назардошти он ки дар қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ аломатҳои китобат бо мисолҳои мушаххас асоснок шудаанд, айнан овардани онҳо зарур дониста шудааст.

Ҳоло дар тамоми корхонаву муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Ба ин хотир, боби сеюм  «Санаднигорӣ» ном дошта, хонандаро бо тарзи дурусти навишти ҳуҷҷатҳо шинос менамояд.

«Маводи ёрирасони дидактикӣ» унвони боби чоруми китоб буда, матнҳои тахассусиро дар бар мегирад. Аз ин мавод метавон дар навишти корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври васеъ истифода кард.

Бахши «Луғат» чанде аз вожаву истилоҳоти соҳавиро фарогир аст, ки дар раванди тадрис ба кор мераванд.

Китоб барои устодон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, коргузорон, пажӯҳишгарон, муаррихон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ ба ҳайси маъхази муътамад ва дастури муфид хидмат мекунад. Истифодаи он барои донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ аз манфиат холӣ нест.

                    АКС аз муаллиф 

Январь 12, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид