Кушта шудани 4000 нерӯи амниятии Афғонистон дар зимни ғасби қудрат аз тарафи толибон
ДУШАНБЕ, 02.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳудуди 4000 нерӯи амниятии Афғонистон аз 1 июл то 15 август, ҳангоми ишғоли ҳокимият аз ҷониби толибон кушта ва 1000 нафари дигар бедарак шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» имруз бо истинод ба рӯзномаи амрикоии «Washington Post» хабар медиҳад.
Бино ба гуфтаи собиқ сардори Ситоди артиши Афғонистон Ёсин Зиё ба «Washington Post», ин теъдод дар як муддати кӯтоҳ дар муқоиса бо арқоми солонаи панҷ соли ахир, ки теъдоди кушташудагони нерӯҳои амниятӣ дар як сол ба ҳисоби миёна ҳудуди 8 ҳазор нафарро ташкил медод, афзоиши қобили мулоҳизаеро нишон медиҳад.
Рӯзнома ҳафтаҳои пеш аз тасарруфи қудрат аз тарафи толибон Кобулро яке аз макони «маргумир» барои нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ду даҳсола гуфта буд.
Зиё бо истинод ба арқоми расмии ҳукумати собиқи Афғонистон гуфтааст, аз соли 2001 то кунун ҳудуди 92 000 корманди амниятӣ кушта шудааст.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ин рақамҳо аввалин гузориш дар бораи талафоти низомиёни афғонистонӣ аст, зеро маълумот дар бораи кушташудагон аз соли 2017 махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Илова бар ин, ба навиштаи рӯзнома, чанд ҳафта пеш аз тасарруфи Кобул аз сӯйи толибон*, мақомоти маҳаллӣ сабти теъдоди кушташудагон ва захмиёнро бас карданд.
Авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар хотимаи ҷангро эълом карданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
_________________________
*Толибон – ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷкистон ва дигар кишварҳо
АКС: nytimes.com








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






