Маркази байналмилалии Ҳукумати Бруней Доруссалом бурсияҳои таълимиро дар бахшҳои гуногун пешниҳод менамояд

Январь 11, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки Маркази байналмилалии Ҳукумати Бруней Доруссалом бурсияҳои таълимиро дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ  дар риштаҳои гуногун пешниҳод менамояд.

Тибқи иттилои манбаъ, довталабон барои таҳсил дар зинаи бакалавриат ва диплом бояд аз 18 то 25-сола ва барои зинаи магистр то 35-сола бошанд.

Ариза дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё мақоми масъул то 15 феврали соли 2022 ва ба почтаи электронии applybdgs2022@mfa.gov.bn қабул мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаи иҷтимоии  Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоянд.

АКС аз сомонаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ

Январь 11, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд