Меҳвари Паём — таъмини зиндагии шоистаи мардум,-бардошт аз ҷамъомад дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ
ДУШАНБЕ, 10.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода зикр намуд, ки“Сарвари давлат дар Паёмашон иброз доштанд, ки зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост омада, ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад”.
«Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он- деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад», -иброз дошт Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба таъриху фарҳанг, ваҳдати миллӣ ва асолати миллии тоҷикон ибрози назар намуд.
Мавсуф Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳамаи шаҳрвандон муҳим хонда, даъват намуд, ки ҳамагон бояд дар фаъолияту зиндагӣ нуктаҳои асосии онро мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар ҷамъомад нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки Паёми Сарвари давлат барномаи амалест, ки ба саодат ва некуаҳволии зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






