ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор шуда, барф меборад

Январь 21, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 январ  дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борон ба барф мубаддал гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. 21 ва 24 январ дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани тормеғ (туман) дар назар аст,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар»  аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи пешгӯӣ ҳавошиносони мамлакат,  дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ҳаво рӯзона то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ҳамин рӯзҳо бо сабаби зиёдшавии қабати барф дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияҳои тобеи марказ, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Дар шаҳри Душанбе  22 январ борон ба барф табдил ёфта, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо низ барф меборад.

Дар вилояти Суғд 22 ва 23 январ боридани барф, вазидани шамоли сахт ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар кӯҳҳо то 9 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа  хунук, дар мавзеи Булункул то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад. 22 январ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво рӯзона дар водиҳо 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.  22 январ ҳавои тағйирёбанда дар еазар дошта шуда,  дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ва фаромадани туман дар назар аст.

АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд