Раҷа Рандхир Сингҳ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Президенти КМО Тоҷикистон табрик намуд

Январь 21, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати маротибаи навбатӣ ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоби аъзои нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла ноибони Президент Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров, котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода аз ташкилотҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ номаҳои табрикӣ ворид мегарданд. Паёми шодбошии  иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ  ба унвони Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ин номаҳои табрикист. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ  ба унвони Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  аз ҷумла  чунин омадааст: «Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 дар Ассамблеяи генералӣ, ки 28 декабри соли 2021 баргузор гардид, қабул фармоед.

Итминон дорам, ки боварии дигарбораи Ассамблеяи генералӣ ба Шумо — Ҷаноби Олӣ барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё буда, боварӣ дорам, ки аз нав интихоб шудани Шумо ба ин мақом ин дӯстиро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Ба Шумо дар корҳоятон барору комёбӣ таманно дорам ва ман шуморо ба дастгирӣ ва дӯстии доимии Шӯрои олимпии Осиё бовар мекунонам».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд