«САДА — САД БА ҒАЛЛА, ПАНҶОҲ БА НАВРӮЗ». Имрӯз дар Тоҷикистон ин ҷашни ниёгон таҷлил мегардад

Январь 30, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 30.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯз кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, хатсайри сайёҳии ҷашни Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Вобаста ба таърих ва хусусияти ҷашни Сада президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА  дар суҳбат бо   хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша  намуд:

 — Дар  баргузории ҷашни мазкур миёни мардум чунин мақоле маъруф буд «Сада — сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз». Аз ибтидои ҷашни Сада то пухта расидани ғалла дар баъзе водиҳои Тоҷикистон 100 рӯз ва то ҷашни Наврӯз панҷоҳ рӯз рост меояд.

Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои аҷдодист, ки инкишофи тамаддуни башарӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳра бурдааст. Новобаста аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Эҳёи таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Шукргузорӣ аз он мекунем, ки имрӯз бо шарофати даъвату ҳидояти Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки бешубҳа, ин боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хосса  насли наврас мегардад.

Чуноне ки Пешвои миллат иброз доштанд, «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Оид ба таърих ва пайдоиши ҷашни Сада мутафаккирони бузургамон- Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш, Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ва шоири қасидасарои асри ХV Унсурии Балхӣ навиштаҷоти гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошанд: «Ҷашни Сада дар даҳаи баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардид».

Иди Сада — ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардонидани пешқадамон ва омодагии соҳа ба кишту кори баҳорӣ мебошад.

Дар робита ба ин ҷашни ниёгон корманди Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов иброз дошт, ки «дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Сада кишоварзон дар соҳаи растанипарварӣ ҳамаи захираҳои тухмиро аз назар гузаронида, техника ва мошинолоти кишоварзиро омода менамоянд, заминҳоро бо нуриҳо таъмин намуда, онро шудгор мекунанд, заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳоро тоза менамоянд, боғу токзорро ба тартиб дароварда, атрофи дарахтонро нарму нурӣ ворид менамоянд. Барои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ доир намуда, обёрии захиравӣ ва яхобмонӣ мегузаронанд».

Ба иттилои мавсуф, олимону омӯзгорон дар ин давра дар асоси таҳлили истеҳсолоти кишоварзӣ бо мутахассисону деҳқонон машварат-омӯзишҳо баргузор намуда, онҳоро барои самаранок истифода намудани обу замин ва гирифтани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ ба инсоният хавфи норасоии ғизо бештар таҳдид менамояд, Бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои ҳар давлат аҳамияти аввалиндараҷа касб карда, аз ҳадафҳои асосӣ қарор гирифтааст.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кишоварзон татбиқкунандагони ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ин масъулият моро водор месозад, ки дар ин роҳ тадбирҳои мушаххас андешем ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дар бахши кишоварзӣ дар амал татбиқ намоем.

Барои татбиқи вазифаҳои дар назди олимон гузошташуда зарур аст, ки ҳар порча замини кишоварзӣ, обҳои мусаффои диёр ва нурҳои ҷонбахши офтоб самаранок истифода шуда, вобаста ба имконияти агроиқлимӣ гирифтани ду-се ҳосили зироати кишоварзӣ амалан татбиқ шавад.

Дар ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми кишоварзон  ниҳоят калон аст. Имрӯзҳо бо шарофати истиқлолияти Тоҷикистон кишоварзон дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд ва фаъолияти пурсамар намуда, маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол менамоянд ва ба танзими нархҳои дастрас барои аҳолӣ замина мегузоранд.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд