Соли 2021 ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ворид шуданд

Январь 26, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли  2021 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор нафар аъзо гардида, беш аз 259 ҳазор нафар барои дастрас намудани китобу иттилоот ворид шуда, зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ба фонди муассиса қабул карда гардиданд, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад. Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 3 миллиону 300 ҳазор адад китоб ва дигар маводи чопию иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд.

Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба соҳаи китобу китобдорӣ сол аз сол беҳтар гардида, дар ин давра аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба китобхонӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳамин ҷумла мебошад.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ дар соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Соли 2021 аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон  “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик”, дастури библиографии “Лоиқ Шералӣ: маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, китоби “Библиографияи забоншиносӣ”, “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав”, маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, маҷмӯаи мақолаҳои “Тоҷнома: суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ” ба нашр расида, дастраси хонандагон гардонида шуданд.

Ба иттилои Гадобек Маҳмудов, дар соли сипаришуда 127 барномаи илмӣ-оммавӣ ва конфронсу вохӯриҳо доир карда шуданд. Новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар ҷаҳон таваҷҷуҳи сайёҳон ба китобхона кам нагашта, соли сипаришуда зиёда аз 700 нафар меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат аз осорхонаву марказҳои фарҳангии он дидан кардаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2020 зиёд мебошанд.

Қабули «Барномаи рушди китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки умедвориҳои масъулинро дар самти рушди фаъолияти техникӣ–инноватсионии китобхона боз ҳам бештар кардааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад