«SOMON AIR»: Мақомоти авиатсионии АМА барои мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба АМА сафар менамоянд, талаботи нав ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи нави мақомоти авиатсионии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, аз 17 январи соли 2022 мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Арабӣ сафар мекунанд, бояд шаҳодатномаи натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19-ро, ки на дертар аз 48 соат аз замони гирифтани биоматериал дода шудаасту QR-код дорад, пешниҳод намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳи байналмилалии Дубай гузаштани санҷиши гирифторӣ ба COVID-19 (ПСР-тест) ҳамчунин ҳатмӣ мебошад. То гирифтани натиҷаи ПСР-тест мусофир бояд ҷудонишинӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ҳангоми аз қайд гузаштан барои парвоз мусофирон бояд шаҳодатнома (ҳуҷҷати аслӣ) бо натиҷаи манфии санҷиши ПСР пешниҳод намоянд. Шаҳодатнома бидуни нишон додани натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 қабул карда намешавад. Дар шаҳодатнома бояд ном ва насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии санҷиши ПСР барои COVID-19, инчунин рамзи QR (барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд) сабт гардида бошанд.
Ба мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз мекунанд, шаҳодатнома бо натиҷаи манфии санҷиши ПСР зарур аст. Кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






