ҲУШДОРИ КҲФ ВА МГ: Аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо худдорӣ намоед!

Январь 4, 2022 10:02

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 январи соли 2022 чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омада, ҳамаро ба по хезонданд. Соати 20:30 ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд.

Барои таҳлилу ташхиси сабаби ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишӣ ташкил шудааст.

Ҳалокшудагон 33, 38, 51, 54 сол дошта, соҳиби оилаву фарзандон буданд.

Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд, зеро ин кор оқибати хуб надорад.

Танҳо кӯҳканҳои ботаҷриба ва кормандони конҳо метавонанд бо доштани сару либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, ҳамчунин риояи ҷиддии кулли қоидаҳои бехатарӣ машғули ин кор шаванд.

 АКС: КҲФ ва МГ

Январь 4, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд