ҲУШДОРИ КҲФ ВА МГ БА СОКИНОН: Дар рӯзҳои барфу боронӣ дар сафарҳо эҳтиёт намоед

Январь 27, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи  маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 28-29 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январ дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, ҳаворо тира мекунад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт – Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-  Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Тавсия дода мешавад, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шароит ва вазъи ҳаво ҷиддан ба назар гирифта шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар робита ба коҳиши пешбинишудаи ҳарорат ва бориш бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас Кумита аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки мувофиқи мавсим либос пӯшанд, ниқобҳои муҳофизатӣ дошта бошанд ва қоидаҳои санитарию беҳдоштиро риоя намоянд. Волидон ва калонсолон бояд кӯдаконро зери назорат гиранд.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ё техногенӣ ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг занед.

 АКС: КҲФ ва МГ

Январь 27, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид