Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вобаста ба куштори шаҳрванди 25-солаи тоҷик ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат намуд

Январь 27, 2022 09:06

ДУШАНБЕ, 27.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Санкт-Петербург Агапитова Светлана Юревна ҷиҳати таҳти назорат гирифтани ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкур муроҷиат намуд. Дар ин бора дар шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар муроҷиати мазкур хоҳиш карда шудааст, ки аз натиҷаи назорат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дода  шавад.

Ба иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ, 23 январи соли равон дар назди фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатови 26-соларо аз дохили мошинаш пайдо кардаанд.

Наворҳои камераҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки ба ин ҷавони тоҷик дар дохили мошин ҳамла кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми содир шудани ин ҷиноят дар мошин се мусофир будаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи қисми 1-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (куштор) парванда боз шуда, ҷустуҷӯи гумонбарон дар ҳудуди вилояти Ленинград идома дорад.

АКС аз Ваколатдор оид ба ба ҳуқуқи инсон

Январь 27, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад