АФЗОИШИ ММД ТОҶИКИСТОН РЕКОРДӢ ШУД. Давоми панҷ соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар афзудааст!

Февраль 10, 2022 13:09

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли сипаригардида ба 98,9 миллиард сомонӣ (8,7 миллиард доллар) расид. Ҳамин тариқ, суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2021 9,2 фоизро ташкил дод. Ин баландтарин суръати афзоиш дар 5 соли охир аст.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки шумораи аҳолии ҷумҳурӣ дар ин давра ба беш аз 9,8 миллион нафар расидааст. Дар натиҷа, ба ҳар сари аҳолӣ 10 ҳазору 52 сомонӣ аз ММД рост меояд. Ба ҳисоби доллар, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра ҳудуди 890 долларро ташкил дод.

Дар соли сипаригардида ба қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 29,5 миллиард сомонӣ ворид гардид. Ин маблағ аз нақшаи дар назар гирифта 1,3 миллиард сомонӣ бештар аст.

Даромади андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 13,7 миллиард сомониро дар бар гирифт, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101 миллион сомонӣ зиёд аст.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар 21 декабри соли 2021 изҳор доштанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 95 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳамин гуна, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 маротиба афзуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ соли 2020 ба 82 миллиарду 543 миллион сомонӣ баробар аст, ки ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 8 ҳазору 740 сомониро ташкил дод. Дар соли 2019 — 77,3 миллиард сомонӣ ё 8 ҳазору 136 сомонӣ ба ҳар сари аҳолӣ буд. Ин нишондиҳанда соли 2018 ба 68 миллиарду 844 миллион сомонӣ расида ё ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомониро ташкил додааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, гардиши савдои хориҷӣ ва сармоягузорӣ ба сармояи асосии кишвар сурат гирифт.

Роҳбари Вазорати рушди иқтисод ва савдо афзуд, ки бинобар сабаби пешгирӣ аз таъсири таҳдидҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини суботи макроиқтисодии кишвар стратегияи ҳифзи иқтисоди Тоҷикистон таҳия шудааст.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд.

 

ДАР АКСИ БОЛО: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро ифтитоҳ намуданд. Таҷҳизот аз Италия ва Туркия оварда шудааст. Иқтидори корхона 240 тонна асфалт дар як соатро ташкил медиҳад. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир баргузор гардид
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Стратегияи нави шарикӣ баррасӣ карда шуд
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Соҳибкор аз Аморати Муттаҳиддаи Араб Марям Алшинасӣ: «Тоҷикон воқеан мардуми меҳмоннавоз, самимӣ ва дорои таъриху фарҳанги қадимӣ мебошанд»
Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об-2025 мавқеи Тоҷикистонро дар самти истифодаи устувори захираҳои об таъкид намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар пешбурди лоиҳаҳои стратегӣ дар Амрико баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 184 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар маҷмуъ 52 санад ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар ба имзо расид