ҶАВОБИ ҚОТЕЪ БА СЕ САВОЛ. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» ҷараёни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиоро пайгирӣ намуда, андешаҳои худро иброз доштанд

Февраль 10, 2022 13:05

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баъзан ба дунболи ҳангомаҳо ҳамкасбони рӯзноманигори мо аслан аз ҳад зиёдаравӣ мекунанд, ки аз ин рӯ дар воситаҳои ахбори омма маводи бемаънӣ, гоҳе хандаовар ва ҳатто то ҳадде зараровар пайдо мешаванд. Ва албатта, дар ин моҳ нишастҳои матбуотӣ барои ин кор минбари хеле мувофиқ гардиданд, ки дар онҳо хабарнигорон  бевосита ба харифони худ муроҷиат карданд. 

Муфассал дар ин бора  дар маводи хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Яке аз масъалаҳои рӯзмарра, албатта, масъалаи муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон буд, ки 8 феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ матраҳ шуд. Хабарнигори «АП» суол кард, ки чаро ин рӯйдодҳо инъикос наёфтанд ва комилан инъикос намешаванд? Раиси Кумита Нуриддин Саид чунин посух дод:

«Мо изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимовро ба забонҳои тоҷикиву русиву англисӣ тарҷума ва тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма паҳн кардем.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилот аст. Ҳама гуна иттилооте, ки хилофи истиқлоли давлатии мо, хилофи амну суботи давлати мо, хилофи ташаккулёбии миллати мо, худшиносии миллии мо, ифтихори  ватандории мо, шаъну шарафи шаҳрвандии мост, мо аз пахши чунин иттилоот тамоман худдорӣ кардем, мекунем ва дар оянда низ мекунем».

Агар мантиқан андешем, воқеан ВАО-и давлатӣ барои инъикос ва паҳн намудани сиёсати давлат, мавқеи расмии мақомот таъсис ёфтаанд ва ҳамаи воситаҳои ахбори омма, бидуни истисно бояд аз ҳар гуна маводи иғвогаронаи даъват ба ҷанг, барангехтани кинаю адовати миллӣ,  маҳаллӣ, забонӣ, ки ба шуури инсон ва муносибатҳои байни миллатҳо таъсири манфӣ мерасонанд, худдорӣ намоянд. Ин на танҳо дар оинномаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, балки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» низ дарҷ гардидааст. Гузашта аз ин, муносибатҳои байни миллатҳо як масъалаи бисёр муҳим ва ҳассос аст ва воқеъбинона бояд гуфт, ки онро на ҳар рӯзноманигор ё коршинос дуруст инъикос карда метавонад. Аз ин рӯ, мо посухи раиси Кумитаи телевизион ва радиоро мукаммал мешуморем ва боварӣ дорем, ки дар ин масъала мо бояд бениҳоят эҳтиёткор бошем.

Ба ҳамкоронамон аз расонаҳои ба истилоҳ «озод», аз ҷумла Радиои «Озодӣ», ки ахиран навиштанд, ки мо, рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар ҷанги иттилоотӣ дар робита ба ин ҳаводис мағлуб мешавем, муроҷиат мекунем. Мехостем бифаҳмем, ки онҳо маҳз чиро дар назар доранд? Ин бохт ё пирӯзӣ, ба назари онҳо, дар чӣ ифода меёбад?

Ин ба маҷрои гузоришҳои тахайюлии дигар хабарнигорони хориҷӣ дар бораи «таҷовузи Русия ба Украина» монанд аст, ки ҳеҷ гоҳ рух надодааст ва ба эҳтимоли зиёд ҳеҷ гоҳ нахоҳад дод.

Дар ҷанги иттилоотӣ одатан дурӯғ ва ҳақиқат якҷоя мешаванд ва касе, ки бештар дурӯғ мегӯяд, ҳатман пирӯз намешавад. Ҷанги иттилоотӣ ҷанг барои ҳусни таваҷҷуҳи мардум ва ҷонибҳост ва барои пирӯзӣ дар он ба онҳо эҳтиром бояд гузошт. Воситаҳое, ки дар ҷанги иттилоотӣ истифода мешаванд, на танҳо барои зиреҳ ё поя, балки барои одамоне, ки на танҳо эҳсосот, балки озодии ирода, ақл, дониш ва эътиқоди амиқи ҷаҳонбинӣ доранд, пешбинӣ шудаанд. Бинобар ин, баъзе амалҳо метавонанд комилан бесамар шаванд ё ҳатто ба натиҷаи муқобил оварда расонанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин дар бораи дархостҳое, ки гӯиё аз «Гурӯҳи 44» ворид шудаанд, суоле матраҳ шуд, ки Нуриддин Саид ба он чунин посух дод:

«Ба мо чунин мактуб омода нарасидааст ва дар бораи чунин мактуб иттилоъ надорем. Бори дигар мегӯям, мо татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот ҳастем. Ҳар як иттилое, ки бо мақсади рушду суботи давлати мо аст, ба манфиати истиқлолияти давлатии мо аст, ба манфиати оромиву осоиштагии халқу миллати азизи мо аст, мо ҳатман онро пахш мекунем. Аммо иттилотте, ки хилофи манфиатҳои миллати мо бошанд, мо ҳаққи онҳоро пахш кардан надорем ва ҳеҷ гоҳ минбарро ба чунин шахсиятҳо намедиҳем».

Дар ин росто, ҳар рӯзноманигор бояд, пеш аз ҳама, на дар бораи ҳангома, балки дар бораи суботи кишвар андеша кунад. Барои ҳар  фарди оқил вазъиятҳое, ки дар ҷаҳон аз дасти ифротгароён ва террористон рух медиҳанд, бояд дарси ибрат гарданд. Тавре дар урфият мегӯянд: «Оқилон аз хатои дигарон меомӯзанду омиён аз  хатои худ». Мо, албатта, бояд дар ин бобат оқилтар бошем ва аз хатои дигарон ибрат гирем. Охир, як калимаи нодуруст ва маводи «ҳангомаангез»-и мо метавонад ҳаёти ҳазорон нафарро нобуд созад ва боиси оқибатҳои бебозгашт гардад. Ҳар як ҳолат дарки мушаххаси вазъият ва таҳлили оқибатҳои онро талаб мекунад.

Яке аз мавзӯъҳои дардноки солҳои ахир, ки гурӯҳе аз одамонро ба ташвиш овардааст, гузоштани риш миёни ҳама тоифаҳои синну соли ҷинси мард, хоҳ ҷавонон, хоҳ мардони миёнсол ва хоҳ пиронсолон аст. Ва, албатта, дар ин мавзӯъ ба Нуриддини Саид низ суол дода шуд: «Чаро реклама бо мардони ришдор манъ аст?».

«Асри 21 як зуҳуроти илмиро рӯи кор овард, ман инро ҳамчун олим мегӯям. Инро ба забони русӣ “экспансиоподобие” мегӯянд. Барои он, ки як тарзи ҳаёт, як тафаккур, як фарҳанг оламгир шавад, барандагони ҳамон фарҳангу мафкура бо шаклҳои мухталиф ҳамон фарҳангу мафкура ва тарзи ҳаётро экпансия ё ҷабран интиқол медиҳанд ва мехоҳанд оламгир шавад. Чунин зуҳурот мухталиф ба истиқлолияти давлатӣ, ба оромию осоиштагӣ, ба рушду суботи кишварҳои алоҳида, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст.  Дар шакли кино, дар шакли китоб, дар шакли сару либос, дар шакли зоҳирӣ ҳам тақлид карда, экпансия мекунанд. Мо муқобили чунин зуҳурот ҳастем», посух дод Раиси Кумитаи телевизион ва радио. Ва дар ин бобат низ ӯ комилан ҳақ аст.

Тасаввур кунед, имрӯз одамон технологияҳои пешрафта ихтироъ менамоянд, ба кайҳон парвоз мекунанд ва мо то ҳол дар бораи риш гузоштан ё нагузоштан бо шиддат баҳс мекунем. Имрӯз дар Тоҷикистон тамоюли гузоштани риш миёни ҷавонон ба ҳадде афзудааст, ки дигар фарқ кардани калонсолон аз ҷавонон ғайриимкон аст. Анъанаи тақлиди ҳамдигарии тоҷикон аз ҳад тамоман гузаштааст. Аз ҳама ҷолиб он аст, ки мо ба чизҳои бефоида тақлид мекунем. Ва баъзе тақлидгарон инро ба ислом, ба қоидаҳои асрҳои миёна рабт медиҳанд.

Аммо мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем!

Пеш аз гузоштани риш бояд дар бораи фоида ва зарари он фикр кард, на аз паи мӯд шуд. Масалан, ҳама табибон ва пажӯҳишгарон изҳор доштанд, ки дар риш назар ба ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ микробҳо ва бактерияҳо бештар боқӣ мемонанд. Илова бар ин ба ришдорон бемориҳои пӯст таҳдид мекунанд. Микробиологи озмоишгоҳи «Quest Diagnostics» Ҷон Голобик тадқиқот анҷом дода, дар риши иштирокчиёни тадқиқот бактерияҳои рӯдаро пайдо кардааст, ки одатан на дар рӯй, балки танҳо дар шикам пайдо мешаванд.

Ба гуфтаи сармутахассиси Раёсати тандурустии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии калонсоли Федератсияи Русия Андрей Тяжелников, бисёре аз мардон бар ин боваранд, ки мӯйлабу риш дар сардиҳо гарм мекунанд. Дар асл, онҳо бештар зарар меоранд, зеро мӯй ба мисли полоиш (филтр) аст — он бактерияҳоро медорад ва ба худ мегирад. Гармӣ ва намӣ дар мӯйҳо барои ҷамъшавии микроорганизмҳо шароити мусоид фароҳам меоранд.

Мардон метавонанд дар фасли зимистон дар мавсими сирояти  шадиди вирусии респираторӣ ва зуком бактерияҳои зараровар гиранд — ҳама дар атроф атса мезананд ва сулфа мекунанд ва бактерияҳо дар мӯй ҷойгир мешаванд, менависад АИШ «Москва».

Муайян карда мешавад, ки шахси қаблан беморшуда метавонад маҳз аз сабаби ришу мӯйлаб дубора сироят ёбад, зеро боқимондаҳои балғам дар мӯйҳои атрофи даҳон ҷойгир мешаванд.

15 марти соли 2021 сомонаи олмонии рӯзномаи Австрияи Der Standard мақолаеро таҳти унвони «Маълумоти муҳим барои ришдорон» нашр кард. Дар он чунин омадааст:

«Барои он ки ниқобҳои FFP2, ки ҳоло дар шароити пандемияи COVID-19 ҳатмӣ ҳастанд, вазифаи худро иҷро кунанд, ришро бояд тарошид», — менависад Wichtige Information für Bartträger und Bartträgerinnen.

Ва пас аз он сардори шуъбаи гигиенаи беморхонаи Донишгоҳи Гамбург-Эппендорф Йоҳаннес Кноблох шарҳ медиҳад: «Мардон бояд онҳоро танҳо бо пӯсти тоза тарошида пӯшанд».

Дар ин ҳолат, албатта, ҳар шахс бояд беҳтарин вариантро интихоб намояд ва ба мӯд ё дигарон тақлид накунад. Дар ин ҷо сухани хирадмандонаи мутафаккири қазоқ Алмат Мусинро ба ёд овардан бамаврид аст: «Аз фарҳанги бегона тарбия ёфтан баробари фарзандхондии волидайни бегона аст».

Қаблан шоири барҷастаи мо Бозор Собир аз суҳбатҳо дар бораи риш дар тааҷҷуб буд ва дар «Ришнома»-и худ аз тақлиди кӯр-кӯрона ба ришдорон ҳушдор дода буд, ки ин маънои ақибмонии тақлидгаронро дорад. «Акнун барои мо вақти тақлиди аблаҳона ва кӯр-кӯрона ба ҳама чизи бегона гузашт», — навишта буд ӯ.

Ва, албатта, дар ин маврид матолиберо, ки дар мавзӯи либоси занона буданд, ёдовар мешавем, ки бархе аз хабарнигорон ба қадри имкон таблиғ мекарданд. Бархе тарафдори пӯшидани ҳиҷоб ҳамчун либоси миллии тоҷикӣ буданд, дар бораи бастани рӯймол ва ғайра ибрози назар мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, тарроҳи тоҷик Мурод Бобоқулов дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» зикр кард: «Албатта, дар мо ҳуқуқи ҳар шаҳрванд оид ба ҳар гунае, ки мехоҳад, либос пӯшад, мавҷуд аст, аммо бо вуҷуди тағйир ёфтани ҷаҳони мӯди мо, занони тоҷик бояд барои ҷавонон намуна бошанд ва либоси миллӣ пӯшанд, дар ҷавонон муносибати эҳтиёткорона ба мероси мадании халқ, анъанаҳои халқи тоҷик ва ҳувияти миллиро тарбия намоянд. Агар зан мехоҳад, ки сарашро пӯшонад, онро дар чунин шакли шадид кардан шарт нест. Метавон сари худро бо рӯймол ё гарданпечи зебои оддӣ пӯшонид ва он аз ҷиҳати эстетикӣ хеле ҷолиб хоҳад буд».

Ба гуфтаи яке аз занони фаъол Фирӯза Бердиева: «Мутаассифона, бо вуҷуди суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолии ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ аз пайравӣ ба фарҳангу анъанаҳои бегона, бахусус дар сабки либоспӯшӣ, то ҳол аксари занону духтарон ба шеваи либоси бегона тақлид мекунанд. Аксари онҳо кӯр-кӯрона шеваи либоси кишварҳои дигарро нусхабардорӣ менамоянд ва дар баробари ин, пӯшидани либоси бегонаро бо мазҳаб сафед карданӣ мешаванд. Онҳо диндориро маҳз дар намуди зоҳирӣ мебинанд», — изҳор дошт ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ва ба манъи пӯшидани либосе, ки бар хилофи анъанаҳои мардуми мо аст, ҷонибдорӣ кард.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори дигар ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карда, аз занони кишвар даъват ба амал оварданд, ки аз пӯшидани либосҳои барои занони тоҷик бегона худдорӣ намоянд ва либосҳои миллии занонаро ба бар ва тарғиб намоянд.

Сулҳу субот дар ҷомеа гарави ояндаи муваффақ аст. Аммо расонаҳои дигар, иддае аз ҳамкорони мо нисбат ба сулҳу субот дар ҷомеа, рушди кишвари худ ва некуаҳволии мардуми худ бештар ба фитнаву ҷанҷол таваҷҷуҳ доранд.

Тавре рӯзноманигори тоҷик Шоира Юсупова дар ёддоштҳои худ «Чӣ гуна журналисти маъруф шудан мумкин?», ки дар сомонаи newreporter.org нашр шудааст, зикр кардааст: «Рӯзноманигор ситораи эстрада нест ва маъруфият барои ӯ набояд ҳадаф бошад. Онро бо ҳама роҳҳои имконпазир ва ғайриимкон ноил шудан нашояд».

Пас биёед журналист бошем, на «ситора» ва саъй накунем, ки аз ҳар мавзӯи ночиз ё нолозим ҳангомаи беарзиш сохта, мардумро гумроҳ созем.

Ба ҳамаи Шумо саломатӣ таманно дорем ва хоҳонем, ки маълумоти манфӣ нахонед!

 

Лайло ТОИРӢ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст