Ба ифтихори 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд

Февраль 11, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 1050 – солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардидааст, ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Абурайҳони Берунӣ – мутафаккири бузурги Машриқзамин» доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсола бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо барои халқу кишвари худ хизматҳои пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумуи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.

-Абурайҳон Берунӣ яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс буда, дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши бориз дорад,-афзуд Аҳлиддин Ибодуллозода.

Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ дар мавзӯъҳои «Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ», «Абурайҳони Берунӣ – поягузори инқилоби илмӣ дар Осиёи Марказӣ ва Эрон», «Абурайҳони Берунӣ – устоди забони модарии мо», «Ду рисола дар бораи устурлоби Абурайҳони Берунӣ», «Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ», «Корбурди луғоти санскрит дар асари «Молил Ҳинд»-и Абурайҳони Берунӣ» маърӯза намуданд.

Ҳамзамон назари иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои пешниҳодгардида мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори он намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Институти астрофизикаи АМИТ, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, сафоратхонаҳои кишварҳои Узбекистону Эрон дар шаҳри Душанбе ва бо тариқи маҷозӣ (онлайн) олимону муҳаққиқони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 11, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад