Баҳодур Шерализода: Дар ҳудуди шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар ҳудуди шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 1,6 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд. Чунин зикр намуд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ.
Мавсуф зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар соли 2021 иброз намуд, ки кумита фаъолияти худро соли гузашта дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, вусъати ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатии ҳифзи муҳити зист корҳои муайяне ба анҷом расонида, дар доираи омодагиҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти амалӣ намудани ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат оид ба ободонию сабзазоркунӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Хусусан баҳри ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 37,3 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ масоҳати 1,3 метри мураббаъ майсазор гардид.
Ҳамзамон Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки аз ҷониби кумита ва зерсохторҳои он барои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва нақшаҳои миллӣ вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 қабул гардид, дар асоси нақшаи чорабиниҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, 21 фоизи Барномаи давлатӣ иҷро гардид. Нақшаи чорабиниҳои ин Барномаи давлатӣ аз 10 боб ва 75 банд иборат буда, солҳои 2021-2025-ро дар бар мегирад ва рисолаташ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии мамлакат мебошад.
Баҳодур Шерализода ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода, иброз намуд, ки роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифта ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш бурда, барои ободу зебо гардидани кишварамон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид






