БЕМОРЕ АЗ ИМА ЧАҲОРУМ ШАХСИ ДУНЁ ГАРДИД, КИ АЗ СИРОЯТИ ВНМО ШИФО ЁФТ. То имрӯз дар ҷаҳон, Русия ва Тоҷикистон чанд нафар ба ин беморӣ гирифторанд?

Февраль 16, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Табибон аз Ню-Йорк тавонистанд бемореро аз сирояти ВНМО бо роҳи интиқоли ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва гузаронидани хун аз ноф муолиҷа намоянд, хабар медиҳад ТАСС. Ҳолати мазкур чорумин пирӯзии духтурон бар ин беморӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Бемор зани миёнасолест, ки дар ӯ пас аз 4 соли ошкор гардидани  мавҷудияти сирояти  ВНМО дар баданаш ҳамчунин бемории лейкемия ба қайд гирифтаанду баъди ташхис аз моҳи октябри соли 2020 табобати зиддиретровирусӣ намегирад ва дар тани ӯ нишонае аз сироят ба мушоҳида намерасад. Ба сифати табобат табибон ҳуҷайраҳои бунёдии хешованди ӯро бо тағйирёбии нодири генетикӣ ба ӯ пайванд карданд, ки он монеи бавуҷудоии вирус шуд, инчунин хуни нофи навзодро ба ӯ гузарониданд.

Ҳоло дар ҷаҳон 38 миллион нафар гирифторони ВНМО ҳастанд. Аз се ду ҳиссаи шумораи умумии одамони гирифтори ВНМО дар ҷаҳон дар минтақаи Африқо (25,7 миллион) зиндагӣ мекунанд.

Дар Русия, тибқи маълумоти расмии ин кишвар, 1 миллиону 94 ҳазор нафар сироят ёфтаанд. Дар Тоҷикистон бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз шумораи гирифторон ВНМО 12 ҳазору 876 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ, ФР аз рӯйи паҳншавии ВНМО дар ҷойи 46, Тоҷикистон дар мақоми 95 қарор доранд. Бино ба маълумоти расмии оморӣ, бори аввал дар Тоҷикистон ду ҳолати гирифторшавӣ ба ВНМО дар соли 1991 ба қайд гирифта шуда буд. 1422 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин вирус танҳо соли 2018 ба қайд гирифта шудааст. Ин омор 8 феврали соли 2019 зимни ҷаласаи Ҳукумат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии ҶТ иброз шуда буд. Зимнан зикр гардид, ки дар байни ҷуфтҳое, ки қабл аз издивоҷ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд, 48 нафари гирифтори ин беморӣ ошкор гардиданд. Дар маҷмӯъ дар кишвар 10,7 ҳазор нафар гирифторони ВНМО ҳастанд, ки ҳудуди 7 ҳазор нафари онҳоро мардон ташкил медиҳанд. Дар аксари ҳолатҳо (54,6% ё 5,9 ҳазор нафар) вирус тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқол дода шудааст.

27 декабри соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории ВНМО» мавриди амал қарор гирифт. Тибқи қонуни мазкур, ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки бо мақсади ошкор намудани сирояти ВНМО аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Шаҳрвандони дигар давлатҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои таҳсил ё кор ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, барои ошкоркунии мавҷудияти сирояти ВНМО ба таври ҳатмӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Маълумот дар бораи сироят ёфтани шахс ба ВНМО сирри хизматӣ буда, онро қонун ҳифз мекунад. Гирифторони сирояти ВНМО бояд дар бораи зарурати риояи чораҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО ва ҷавобгарии ҷиноятӣ доштани дидаю дониста паҳн кардани хатари сирояти он ба дигарон огоҳ карда шаванд. Қонун дастгирии тиббӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи ашхоси тиббӣ ва дигар касбҳои дорои хатари сирояти ВНМО-ро пешбинӣ мекунад.

Моҳи апрели соли 1997 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо ВНМО таъсис дода шуд.

 

АКС: аз бойгонӣ

Февраль 16, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Конибодом тақдим карда шуд
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Темурмалик расонида шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан тақдим гардиданд