Дар Агентии содирот бо мақсади муаррифии обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан ҷаласаи корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан дар доираи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи корӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.
Дар ҷаласа масоили тақвият бахшидани корҳо дар самти муаррифии обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан, сифати он дар бозорҳои хориҷӣ, банду баст намудани он, дарёфти бозорҳои содиротӣ, иҷрои нақшаи истеҳсол ва афзун намудани содироти обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан баррасӣ гардид.
Директори Агентӣ Шавкат Бобозода ба воҳидҳои сохтории Агентӣ супориш дод, ки ҷиҳати дар оянда баланд бардоштани иқтидорҳои содиротии обҳои нӯшокӣ ва ташнагишикан ва муаррифӣ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар хатми ҷаласа аз ҷониби роҳбарони корхонаҳои марбута пешниҳодҳо оид ба пешбурди фаъолият дар ин самт ва дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолкунанда ироа шуданд.
АКС: Агентии содирот








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






