Дар Душанбе бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ҳамоиш доир шуд

Февраль 16, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар мавзӯи «Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, ҳолат ва дурнамо» ҳамоиши илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ», намояндагони Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати кӯҳсор буда, макони яхбандиҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои хурду бузург 6% ҳудуди онро ташкил намуда, манбаи асосии дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ – Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ вазъи пиряхҳои мамлакат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз натиҷаи чунин ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи обшавии пиряхҳо буд, ки имрӯз дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис ёфтааст, ки дар кори омӯзиш ва муайянсозии вазъи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

Дар кори ҳамоиш доираи васеи олимону муҳаққиқон ва масъулини ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои пиряхҳои мамлакат дар мавзӯъҳои гуногун маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Зимнан дар ҳамоиш зикр шуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо муҳим аст. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ дода, тадбирҳои назаррас андешида истодаанд.

Дар охири ҳамоиш миёни олимону муҳаққиқон оид ба мавзӯъҳои болозикр мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 16, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад