Дар Хуҷанд ба шарафи Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, ректори Донишгоҳи давлатии хуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, сардори Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми низомӣ Музаффар Ҷабборзода, собиқадорони ҳизб, занҳои фаъол, ҷанговарони интернатсоналист, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода сарбозонро бо Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки «ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмард маҳсуб мешавад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ҷони худро дареғ намедоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо меомӯзонанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ меомӯзем, то баҳри ҳифзи хоки поки Ватан омода бошем».


Собиқадори ҳизб Ҳамрохон Атаева аз номи фаъолзанон ва модароне, ки фарзандонашон дар хизматанд, зикр дошт, ки «хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардӣ буда, вазифаи ҷонӣ ва имонии мо – модарон он аст, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи ватанпарастиву дӯст доштани обу хоки диёр тарбия кунем». Мавсуф аз иқдомҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати сафарбар намудани волидони наваскарон ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди мамлакат истиқбол намуд.
Ба ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ аз ҷониби кумиҷроияи шаҳр дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Зимни ҳамоиш аз тарафи донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд расми чанд нафар сарбозон оҷилан кашида шуда, ба онҳо туҳфа карда шуд. Ба хотири боз ҳам хубтар ҷараён гирифтани чорабинии тантанавӣ аз ҷониби аҳли ҳунари дастаи «Ошёни меҳр»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон суруду рақсҳои дилнавоз иҷро шуданд.
АКСҲО: КИ ҲХДТ дар Хуҷанд










Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






