Дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баён намуд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ бо вазорату идораҳои соҳавӣ, корхонаҳои саноатию ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот, татбиқи натиҷаи дастовардҳои илмӣ, коркардҳо ва технологияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар истеҳсолот ташкил гардидааст.
Соли 2021 аз ҷониби шуъба бо 75 корхонаи саноатии минтақаҳои гуногуни мамлакат оид ба муаррифии дастовардҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот робитаҳо ба роҳ монда шуданд.
Айни ҳол дар самти пайвасти илм бо истеҳсолот миёни муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ бо корҳонаҳои саноатӣ 13 созишномаи ҳамкорӣ баста шудааст, ки мавриди амал қарор доранд.
Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2021 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 111 мавзӯъ, аз ҷумла 68 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 15 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Инчунин соли 2021 аз тарафи олимони АМИТ 18 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 26 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад






