Дар Тоҷикистон барои тайёр кардани моддаҳои психотропии синтетикӣ ягон озмоишгоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд буд? Посухи Ҳабибулло Воҳидзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Оё дар Тоҷикистон барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии синтетикӣ ягон озмоишгоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд буд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор гардида бошад? Вобаста ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:
— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон гуна озмоишгоҳ оид ба тайёр кардани маводи нашъадор, аз ҷумла героин вуҷуд надорад. Озмоишгоҳи ин гуна мавод гуфта, тарзи коркарди маводи синтетикиеро, ки барои он маблағи кам сарф мешавад, барои доираи васеи истифодабарандагони нашъаманд зарур буда, бо нархи дастрас ворид мегардад ва бархеҳо аз он даромади калон ба даст меоранд, дар назар доранд. Аз ин рӯ метафитамин ва моддаҳои психотропӣ дар дигар давлатҳо ба худ хусусияти бештар паҳнкунӣ гирифтаанд, то онҳоро ҳарчи бештар истеҳсол кунанду фоидаи зиёд ба даст оранд.
Ҳамчунин дар нишаст зикр шуд, ки соли 2021 мувофиқи маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 177 ҳазор гектар кишти афюн ба роҳ монда шуд, ки аз он метавонанд 320 тонна героин истеҳсол намоянд. Агар он бо фоиз ифода карда шавад, 85 фисади таъминкунандаи тамоми ҷаҳон бо афюни афғонӣ мебошад. Маводи мухаддир ба ҷумҳурии мо бевосита бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ворид мешавад, ки далели ин парвандаҳои ҷиноятиест, ки мо тафтиш мебарем.
Гуфта шуд, ки соли 2021 дар Тоҷикистон 8 нафар шаҳрванди Афғонистон ва ду нафар шаҳрванди Узбекистон дастгир гардидаанд, ки аз онҳо 829 кг маводи мухаддир мусодира шуд.
Ҳабибулло Воҳидзода иброз намуд, ки соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд.
Баъд аз сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон онҳо дар тамоми ВАО изҳор намуданд, ки «пеши роҳи қочоқи маводи мухадирро мегиранд, истеҳсоли онро боз медоранд ва шахсоне, ки ба истеҳсоли маводи мухаддир ё қочоқи он машғуланд, ҷазои қатл мегиранд».
Лекин дар ВАО ин ҳолат мушоҳида нагардида, баръакс аз рӯи маълумоти оморӣ, баъди ба сари ҳокимият омадани толибон аз нимаи моҳи август то декабр, агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуда бошад, зиёда аз 2 тоннаи он ба ҳамин давра рост меояд. Танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ 889 кг маводи нашъадор мусодира карда шудааст.
Инчунин дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Панҷ, Шаҳритус, Ҷайҳун ва дигар ноҳияҳое, ки дар сарҳади Афғонистон қарор доранд, дар онҳо маводи нашъадор мусодира гардидааст.
Як нуктаро бояд зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон 2 тоннаю 391 кг маводи нашъадор мусодира шудааст, ки 58,6 фоизи мусодираи маводи нашъадорро дар бар мегирад.
АКС: АМИТ «Ховар»








АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






