Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» таҳия мешавад

Февраль 3, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  кори таҳияи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷараён дошта, ин ҳуҷҷати муҳим дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода 2 феврал зимни нишасти матбуотии вазорат ба хабарнигорон баён намуд.

Ба зикри вазир, дар баробари стратегия ҳамзамон лоиҳаи сармоягузории рушди «иқтисоди сабз» таҳия гашта истодааст, ки аллакай шарикони рушд ҳавасмандии худро ба он зоҳир кардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи «иқтисоди сабз» дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

«Иқтисоди сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод мебошад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он беш аз пеш меафзояд. Коршиносон мегӯянд, ки «иқтисоди сабз» дар оянда ҳама соҳаҳоро фаро мегирад. Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷои нуриҳои минералӣ истифодаи нуриҳои органикӣ (поруи чорвою паранда, пӯсидаи хазону пасмондаи рустаниҳо), ба ҷои заҳрхимикатҳо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳ мондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар мавзеъҳои камоб дорои манфиати зиёди иқтисодию экологӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузоштааст. Тавре маълум аст, бо шарофати энергетикаи обӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад.

Дар ин роҳ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома дошта, ба наздикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобил, электробус  ва электротроллейбус оғоз мегардад, ки идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» мебошад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд