ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ САРЕЗ. Имрӯз ба пайдоиши ин кӯл 111 сол пур шуд

Февраль 18, 2022 17:32

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба пайдоиши кӯли Сарез 111 сол пур шуд. 18 феврали соли 1911 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми заминларзаи сахте ба вуҷуд омад, ки қувваи он ба 9-10 балл баробар буд ва дар натиҷаи он қисми ҷанубии кӯҳҳои Музкол канда шуда, лағжида, ба зер фаромад ва пеши роҳи дарёи Мурғобро баст. Ҳаҷми хоку санги лағжида ба 2,2 млрд метри кубӣ баробар буд ва дар натиҷаи ин тамоми аҳолии қишлоқи Усой, ҷамъ 51 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ бо қувваи бузурги табиат як сарбанде пайдо гашт, ки баландиаш аз 550 то 730 м ва дарозиаш зиёда аз 5 км-ро ташкил медод.

Дар шарҳи бештари ин мавзӯъ корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грджданӣ, майор Лоиқ Холиқназаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки давоми 3 сол, яъне аз соли 1911 то соли 1914 тамоми оби дарёи Мурғоб бинобар баста шудани маҷро дар паси ин сарбанди навбунёди табиӣ, ки номаш аз номи деҳаи зери сангу хок нестшудаи Усой буд, ҷамъ мешуд. Дар ин муддат сатҳи об ҳар сол 79 м баланд мешуд ва дар натиҷаи зери об мондани қишлоқи Сарез сокинони ин маҳалҳо маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк намуда, ба ҷойҳои дигар кӯч банданд.

Параметерҳои кӯли Сарез чунинанд: сатҳи оби кӯл 3263 м; дарозиаш 60 км; бараш 3,3 км; бари миёнааш 1,44 км; чуқуриаш 500 м; чуқурии миёнааш 202 м; ҳаҷми об 17 км.м3; ихроҷи оби дарёи Мурғоб 41-50м3.

Бо мақсади сари вақт хабардор намудани аҳолӣ дар натиҷаи рахнашавии кӯли Сарез дар назди Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез таъсис дода шуд. Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез барои хабардоркунии фаврии мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ба он ҳамсарҳад, ҷиҳати рахнашавии кӯли Сарез таъсис ёфта, сохтори мустақили таркибии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.


Соли 1991 дар майдончаи Усой, дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр, 36 километр поёнтар аз сарбанди Усой, дар наздикии қишлоқи Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ, системаи хабардоркунӣ ҷо ба ҷо карда шуда буд.

Баъдан, соли 2004 бо ташаббуси ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ, Ҳукумати Швейтсария (SECO), ИМА (ЮСАИД), Хазинаи Оғо Хон (Фокус) ва Ҳукумати Ҷопон, дар чаҳорчӯби Лоиҳаи коҳиши хавфи рахнашавии кўли Сарез дар Сарбанди Усой системаи мониторинг ва хабардоркунии ҳозиразамон насб карда шуда, дар ҳамаи деҳаҳои водии Бартанг, маркази ноҳияи Рӯшон, шаҳри Хоруғ ва шаҳри Душанбе се намуд таҷҳизоти хабардоркунии КВ, УКВ ва назораткунандаҳои моҳворавӣ ҷо ба ҷо карда шуда буданд. Инчунин дар маркази ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) ва Ҳамадонӣ ва маркази ҷамоатҳои ноҳияҳои номбурда низ як намуди алоқаи радиовии мухобираҳои КВ насб карда шудааст.

Ҳамаи маълумоти воридшудаи мониторингӣ дар маркази ҷаъоварии маълумоти СКАДА-и Сарез коркард карда шуда, ба воситаи алоқаи моҳворавӣ ва радиоӣ (КВ) ба СКАДА-и Душанбе ирсол мегарданд.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода, таҷҳизоти номбурда дар давоми дақиқаҳои муайян якбора аҳолии минтақаи хавфнокро ба воситаи се намуди алоқа хабардор менамояд.

Дар деҳаҳои водии Бартанг, бо сабаби ниҳоят наздик ҷойгир шудан ба сарбанди Усой, кӯчонидани аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулода ғайриимкон мебошад, ҷазираҳои бехавф муайян карда шуда, дар ҷойҳои бехатар анборҳои захираи аввалияи маводи ниёзи мардум ташкил карда шудааст. Инчунин барои омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоҳатҳои водии Бартанг дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон семинарҳои таблиғотӣ гузаронида шуда, ҳамасола машқҳо низ роҳандозӣ мешаванд.


Баъди заминларзаи моҳи декабри соли 2015 аҳолии қишлоқҳои водии Бартанг, то расидани кумак аз марказ, давоми як ҳафта аз анборҳои захиравӣ истифода бурданд ва ин имкон дод, ки онҳо дар фасли сармо ба мушкилии сахт гирифтор нашаванд.

Таҳлили маълумоти воридгардида дар мавриди вазъи минтақаи кӯли Сарез нишон медиҳад, ки сатҳи оби кӯл ба 3258,07 м баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 2м 77см балантар мебошад.

Ихроҷи об аз бадани сарбанд айни замон 45,0м³/сон, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 3,5м³/сон, зиёд мебошад ва ҳарорати ҳавои имсола нишон медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, дамои ҳаво 5,13 дараҷа хунуктар аст,-афзуд Лоиқ Холиқназаров.

Мавриди зикр аст, ки соли 2021 дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд («Лоиҳаи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ») системаи мониторинг ва хабардоркунии қаблӣ ва зиёд кардани ҳудуди фарогирии он қад-қади дарёи Панҷ-Амударё то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон 30 сиренаи назораткунандаҳои иловагӣ насб карда ва ба истифода дода шуда буд.

 

АКСҲО: КҲФ ва МГ

Февраль 18, 2022 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид