Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни беҳтарин мақолаи рӯзноманигорӣ эълон менамояд

Февраль 27, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 27.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 12-умин солгарди ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз»-ро барои омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва журналистони касбӣ эълон менамояд.

Тавре дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳар муаллиф метавонад ба озмун як мақола пешниҳод намояд, ки он мавзӯъҳои нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯзи байналмилалӣ, Наврӯз — қадимтарин ҷашни мардуми тоҷик, расму оин ва анъанаҳои инсонпарваронаи Наврӯзро дар бар гиранд.

Инчунин мақолаҳои пешниҳодгардида бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, 14 дар ҳаҷми то 4 саҳифаи компютерӣ омода шуда бошанд.

Дар озмуни мазкур барои ишғоли ҷойи аввал 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Мақолаҳо аз 25 феврал то 11 марти соли 2022 ба суроғаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ё почтаи элктронии Email: badonish@mail.ru ирсол гардад.

 

Акс: ДМТ

Февраль 27, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд