Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯёнро баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ва меҳмонон – намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ намоиши асарҳои наққошии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада таҳти унвони «Кундал» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода зинда гардонидани навъи санъати наққошии халқи тоҷик — кундалро дар нуҳ соли фаъолияти донишкада, ки тӯли ин муддат дар ин ҷо устодони ин санъат ба камол расидаанд, дастоварди муҳим номид.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва устоди Донишкадаи мазкур Маҳмадкарим Рақибов оид ба таърихи санъати кундал, рушди ин навъи санъат аз даврони қадим то ба имрӯз ба тамошобинон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.


Дар намоиш беш аз 50 асари тозаэҷоди наққошии рассомон — мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Муноҷот Бойматова, ассисенти кафедраи мазур Маҳмадкарим Рақибов ва шогирдони донишгоҳии онҳо дар равияи санъати кундал ба намоиш гузошта шуданд.
Тамошобинон ба аксарияти ин асарҳо, ки бо усули анъанавии санъати қадимаи халқи тоҷик эҷод шудаанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Намоиши асарҳои рассомии санъати кундал дар донишкада бори аввал набуда, ду сол қабл низ чунин намоиши боҳашамат рӯйи кор омадааст.
Акс: ДДСТДТ









Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






