Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, ҳувияти миллӣ, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳифзи нангу ор ва шарафу номуси мост!»

Февраль 23, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар/.  Ҳимояи истиқлолияти миллӣ, ҳувияти халқамон, ҳимояи марзу буми кишвар ҳимояи нангу ор ва шарафу номуси миллии мост ва моро вомедорад, ки ҳар кадомамон дар канори Артиши миллӣ сипари боэътимоди Меҳан дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, сарҳади шарафи гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем! Чунин андеша меронад Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии  АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

Дар зер мулоҳизаҳои адиб ва публисистро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон менамоем.

Задухӯрдҳои беамон миёни одамону кишварҳо, ғояву армонҳо, муборизаҳои ҳадафноки диниву мазҳабӣ, ки то инфиҷорҳо меоранд, муборизаҳои ҷаҳонгирон барои аз худ кардани боигариҳои олам дар ҷаҳони имрӯза ҳар рӯзу ҳар соат моро ҳушдор медиҳанд, ки миллати беқудрат, миллате, ки наметавонад бораҳои нангу шарафи сарзамини худро ҳимоят кунад, зуд бар коми фано хоҳад рафт. Танҳо ягонагиву якдиливу ҳамҷонии миллате, ки қувваҳои мусаллаҳи тавоно ва дилпури худро дорад, метавонад дар ин овардҳои беамони ҳастии инсонии гирифтори душманиву муборизаҳо кафолати пойдории ин ва ё он кишвару миллатро бидиҳад. Хусусан кишвару миллати  хайрхоҳу сулҳпарваре, мисли Тоҷикистони азизи мо ниёзи бештаре ба неруҳои қавӣ ва муҳофизони дилпури худро дорад.


Имрӯз аз таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон 29 сол мегузарад. Дастгириву ғамхории пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун неруи тавонои дифои кишвар амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро таъмин менамоянд. Хизмати садоқатмандонаи афсарону сарбозонро давлату Ҳукумат дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллат омада ҳамеша пос доштаву қадр кардаанд. Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва осоишу оромии халқамонро чун сипари боэътимод ҳимоя менамоянд. Мо ба далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорем ва дар симои онҳо ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми ватанро эҳсос мекунем.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 1992 дар таги хаймаҳо, дар пойгоҳи фурудгоҳи “Айнӣ”, ки дар Ҷамоати деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, бо иштироки Раиси Шӯрои Олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуданд. Нахустин паради ҷузъу томҳои Гарнизони Душанбе 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт баргузор гардида, он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон замоне таъсис ёфтанд, ки дар ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Иштироки фаъолонаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди қувваҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат, дар натиҷаи рӯҳияи ватандорӣ, малакаи ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гардид. Аз соли 1997 сар карда, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризми байналмиллалӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиб гузоштааст.

Артиши миллии мо зодаи замони истиқлолият мебошад ва ин масъулияти онро бештар мегардонад. Зеро Артиши Тоҷикистони навбунёд дар замони эҳёи навини кишвару халқи куҳанбунёд ва соҳибтамаддун дар баробари эҳёи кишвар ва пайгирии армонҳои миллӣ масъулияти баланди миллӣ ва таърихиро низ бар дӯш гирифт. Аз ин рӯст, ки бо дарки ин масъулият ҳамасола барои рушди ин соҳаи бениҳоят муҳим, ки такягоҳи боэътимоди сулҳу осоиш ва кафолати амнияти миллии мо мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамонро эҳсос мекунем.

Низоъҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандии аз ҷониби бегонагон таҳмилшуда мардуми тоҷикро бо имтиҳони гароне рӯ ба рӯ оварда, ҳушдоре дар оғози Истиқлолияти давлатиямон дода буданд. Дар даврони ҷангҳои таҳмилшудаи шаҳрвандӣ миллати хайрхоҳу некӯманиш ва кишвари куҳанбунёди мо дар вартаи нестиву фалокат қарор гирифта буданд, ки танҳо тавассути Ваҳдати миллӣ, хиради зотии халқамон ва раҳнамоии фарзандони шуҷои он тавонистанд раҳо ёбанд. Ин нахустин имтиҳон дар роҳи ватандориву давлатдории Тоҷикистони навини мо буд. Ба ғайр аз ин тамоми таърихи миллату халқамон моро пайваста сабақ додааст, ки ҳар лаҳза омодаи дифои ҳувияти худ аз душманони аҷнабӣ бошем. Аммо вазъи пурхатару пуртаҳлукаи ҷаҳони имрӯз, тезу тундии муносибатҳои кишварҳо, ҳаводиси фоҷиабори солҳои охир ва хусусан рӯзҳои муосир пайваста мураккабтару хатарбортар аз пешин мегардад.


Дар ҳамин таърихи чанд соли охир мо дидем, ки чӣ гуна абарқудратони дунё кишварҳои нисбатан кӯчаку камқудратро ба хок яксон намуданду халқҳояшонро хонабардӯш ва ғарибу саргардон сохтанд. Касе имрӯз кафолати бехатарии моро дода наметавонад, ба ҷуз худамон, хусусан дар ин вазъияте, ки ҷаҳон ба сангарҳо ҷудо гардидааст.

Имрӯз дар ҳолате, ки ҷангҳо дар паси девори мо мераванду аллакай таҳдиди марзу бум ба сарҳадҳои муқаддаси мо ҳам расидаву борҳо аз худ дарак ҳам додааст, ҳимояи Ватан-модар, марзу буми аҷдодӣ, бехатарии миллӣ вазифаи муқаддаси хурду бузург ва марду зани ин кишвар хоҳад буд. Он чӣ бар сари дигарон омад, набояд моро бетарафу ором гузорад. Ҳимояи Ватан имрӯз на фақат масъулият, балки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост.

Мо миллате ҳастем, ки хушбахтона, мактаби бузург ва беамсоли ватандорӣ ва ҳимоя аз ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳое, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро ба мо таълим медиҳанду метавонанд ҷавонону наврасони моро дар ин рӯҳияи баланди ватандорӣ тарбият намоянд. Дар омади гап мехоҳам андешаеро, ки аз назари банда хеле муҳим аст, матраҳ намоям. Ба гумони банда, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештаре ба таълиму тарбияи рӯҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ дар байни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон ба истифодаи бештару фарогиртар аз сарчашмаҳо бебаҳои фарҳангамон рӯ орем. Хусусан, таълими “Шоҳнома”-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ, Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳамон барои тарбияи рӯҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Иқдоми волои Пешвои миллатамон дар мавриди ба ҳар хонадон тақдими намудани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи ибрати мо хоҳад буд. Мо метавонем ин иқдоми Пешвои миллатамонро дар мавриди тақдими китоби “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ-ин дастури бебаҳои ватандориву меҳанпарастӣ ба қисмҳои ҳарбии мамлакат, макотиби ҳарбии кишвар, бо таъсиси чорабиниву озмунҳое, ки мусоидат ба омӯзиши ин китоби бебаҳо кунанд, ба роҳ монем.

Банда наметавонам дар чунин мавзӯи бунёдии ҳастии мо сухан ронда, як андешаро баён накунам. Мутаассифона, вобаста ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни мардуми мо як таъбири нохуш бо номи “облава” паҳн гардидааст, ки наметавон аз он чашм пӯшид ва онро мавриди андеша қарор надод.

Барои рафъи ин таъбири ношоиста аз забони мардум ва хусусан ҷавонони мо, ки аслан ки ба гумонам дар роиҷ гаштани он саҳми нохайрхоҳону душманони миллатамон низ кам нест, бояд фавран тадбирҳо андешид.

Зуҳури ин таъбири нохуш, яъне “облава” ҳаргиз нишондиҳандаи рӯҳи миллии мо нест, балки ду чизи дигар аст ва якуми он ноогоҳии ҷавонони мо, коҳиши эҳсосоти ватанпарваронаву ватандӯстона дар байни онҳо ва гирифторӣ ба тарғиботи дурӯғини бегонаест, ки аз ҷониби душманони кишвар тарҳрезӣ шудааст. Ҷавонони тоҷик, ман аминам, ки бо андаке ислоҳоти вазъ ва фаҳмондадиҳӣ худ бо хоҳишу майли том сари вақт ба хидмати ҳарбӣ хоҳанд рафт.

Сабаби дуюми ин зуҳуроти номатлуб, ба андешаи мо шояд он тарғиботи бофтаву беасосест, ки гӯё дар қисматҳои ҳарбӣ ҷавононро вобаста ба синну сол ва маҳал азият медиҳанду лату кӯб мекунанд. Он афсар ва он сарвари қисми ҳарбие, ки барои ба вуҷуд омадани чунин зуҳурот мусоидат мекунад, на кам аз душмани халқу давлати мост, балки бештар аз он аст, ки бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳ дода нашавад ва он нафаре, ки дидаву дониста чунин гуноҳе содир мекунад, ки ҷавони нав ба хизматрафта қонуншиканона зарбу лат карда мешавад, бояд ба сахттарин ҷазо гирифтор карда шавад, зеро ин хиёнату зиёни ӯ ба муқаддасоти мо- ваҳдати миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба он рахна мезанад. Ҷазои сахти ду-се нафар гунаҳкор беҳтар аст аз бадном кардани ин муқаддасоти миллии мо, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар. Бидуни шубҳа, дар рафъи ин зуҳуроти хатарнок ва пурзиёни ҷомеаи мо бояд аз ҳар афсару сарбози соҳибтаҷриба то ҳар омӯзгору волидайн, мактабу оила ва тамоми ҷомеа саҳми бориз гузоранд.

Дар маҷмӯъ, зиндагӣ нишон дод, ки дар зарфи 30 соли истиқлолияти миллии мо ва 29 соли таъсиси Артиши миллӣ имрӯз Тоҷикистон дорои Артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони содиқу ҷонннисоре мебошад, ки метавон аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт. Он рӯҳияи милливу ватандӯстонае, ки Сарвари кишвари мо аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ талқин намудаву худ намунаи дурахшони он будаанд, имрӯз на танҳо сарбозону афсарон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, балки тамоми миллати ватандӯсти тоҷикро фаро гирифтааст. Ва дар ин заррае ҳам ҷои шубҳа нест.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 23, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд