КОРОНАВИРУС ДАР ҶАҲОН. Шумораи гирифторони COVID-19 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ИМА низ коҳиш меёбад

Февраль 16, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон то субҳи рӯзи чоршанбе, 16 феврал ба 416 057 035 нафар расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).

Зикр карда мешавад, ки аз оғози пандемия дар ҷаҳон пас аз сирояти коронавирус 5 857 018 нафар фавтидаанд.

Дар миёни кишварҳое, ки шумораи мубталоён аз 20 миллион нафар гузаштааст, ИМА, Ҳиндустон, Бразилия ва Фаронса мебошанд.

Иёлоти Муттаҳида аз рӯи шумораи ҳолатҳо ва фавтҳо пешсаф боқӣ мемонад, ки дар он 79 639 934 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумораи фавтидагон ба 949 269 нафар расидааст.

Дуввумин давлат аз рӯи шумораи ҳодисаҳои зиёди гирифторӣ Ҳиндустон аст, ки дар он ҷо шумораи сироятҳои ба қайд гирифташуда 42 723 558 ва шумораи фавтидагон 509 903 нафарро ташкил дод.

Дар ҷои сеюм аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус Бразилия меистад, ки дар он 27 664 958 нафар сироят ёфта, 639 822 нафар фавтидаанд.

Бар асоси гузориши сомонаи Worldometer, ки ба омори муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳон тахассус дорад, то 16 феврал мизони марг аз 1 миллион нафар аҳолии Замин 751,1 нафарро ташкил додааст. Дар ИМА аз 1 миллион нафар аҳолӣ 2 841 кас, дар Ҳиндустон — 364, дар Бразилия — 2 976 кас фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, шумораи ҳолатҳои сирояти COVID-19 дар ИМА коҳиш ёфтан гирифт. Ҳамчунин сарфи назар аз паҳншавии босуръати намуди омикрон сатҳи фавт низ коҳиш ёфтааст.

Дар Иёлоти Муттаҳида ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 178,705 ҳолати нави COVID-19 сабт карда мешавад, ки нисбат ба ду ҳафтаи пеш 67 фоиз кам аст. Масъулони Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА гуфтанд, ки авҷи сироят бо намуди “омикрон” гузаштааст.

Ҳукуматдорони тамоми иёлатҳо ва қаламравҳои ИМА дар бораи коҳиши ҳолатҳои нав дар тӯли 14 рӯзи охир гузориш доданд. Аз ҳама нишондиҳандаи баланди пастшавии шумораи ҳолатҳои ба қайдгирифташуда дар иёлати Оклахома аст, ки дар ду ҳафтаи охир 84 дарсад коҳиши ҳолатҳоро сабт кардааст. 22 иёлати дигар, ҷазираҳои Вирҷиния ва Пуэрто-Рико гузориш доданд, ки 70% ё бештар аз он коҳиш ёфтааст.

Рӯзи шанбе Ню -Йорк танҳо оид ба 4,232 сироят гузориш дод, ки нисбат ба 90 132 дар 8 январ кам аст . Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Иёлоти Муттаҳида аз оғози пандемия 77,715,853 ҳолат ва 919,336 фавтро сабт кардааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоӣ, дар беморхона бистарӣ шудан аз COVID-19 низ тақрибан 3 фоиз коҳиш ёфтааст ва 85,534 кати статсионарӣ барои беморони COVID-19 истифода мешавад, ки 11,25 фоизи катҳои статсионариро дар тақрибан 6 000 беморхона дар саросари кишвар ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 3 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, ки ҳамчунин 8 нафар пас аз табобат шифо ёфтаанд. Ба иттилои манбаъ, аз оғози бақайдгирии COVID-19 то имрӯз 17385 нафар сироят ёфта, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Илова бар ин, то имрӯз 124 шаҳрванди кишвар аз ин беморӣ фавтидаанд.

 

АКС: u-f.ru

Февраль 16, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд