МАРОСИМИ РӮНАМОИИ СИЛСИЛАИ 50-ҶИЛДАИ «АХТАРОНИ АДАБ». Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода чандин ҷилд китоб харид ва нашри ин силсиларо кори бузург арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни маросими мазкур раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода чандин ҷилд китоб — ҳамон андозае, ки дастонаш вазни онҳоро мебардошт, харида, таассуроташро аз ин маъракаи фарҳангӣ дар саҳифаи фейсбукиаш чунин баён намудааст:
«Сипос ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати иштирок дар муаррифии 50-ҷилдаи китоби “Ахтарони адаб” ва дигар китобҳои тозанашри Нашриёти “Адиб”… Воқеан кори бузурге барои имрӯзиён ва фардоиён анҷом дода шудааст. Мероси миллати ман ба фарзандон ва ояндагон ҳамеша дар тӯли таърих китоб буд».
Дар маросими фарҳангие, ки ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, сардори Раёсати таъбу нашр дар Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералӣ, олимону муҳаққиқон ва дигар дӯстдорони илму фарҳанг иштирок намуданд.
Сардори Раёсати таъбу нашр дар Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералӣ ба итмом расонидани нашри силсилаи китоби «Ахтарони адаб»-ро навиди ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ номид.
Зикр гардид, ки силсилакитоби «Ахтарони адаб» осори адибони тоҷик, ашъори назмиву насриро аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то муосирони мо дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри силсилакитоби “Ахтарони адаб, ки аз соли 2007 то инҷониб нашр мешуд, дар 50 ҷилд мукаммал гардида, бо сифати баланд ба нашр расид.
Зимни ҳамоиши фарҳангӣ шоирону нависандагон ва олимони маъруф Низом Қосим, Камол Насрулло, Кароматулло Олимов ва дагорон сухан гуфтанд.
АКСҲО аз саҳифаи фейсбукии М. Неъматзода











Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ






