МТС барои тарбияи коршиносони ҳирфаӣ бо тамоми марказҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи коршиносони ҳирфаӣ донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистратураи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтааст. Ин нуктаро 10 феврал директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон баён намуд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар марказ бештар аз 13 нафар магистрони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон салиқаи таҳлили масъалаҳои иҷтимоию сиёсиро бо сарпарастии кормандони марказ пайдо карда истодаанд ва итминон дорем, ки онҳо чун коршиносони варзидаи соҳа тарбия меёбанд. Дар сурати омӯзиши пурра ва такмили донишҳояшон минбаъд МТС онҳоро барои фаъолият дар ин ниҳод ҷалб менамояд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар самти таҳия ва омодасозии коршиносони ҳирфаии соҳавӣ бо тамоми марказҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо якчанд ниҳоди таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкории самарабахш дорад.
Имсол маҷаллаи нави марказ бо номи «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» бо теъдоди 16 мақола ба нашр мерасад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






