Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод шинос гардид

Февраль 12, 2022 09:53

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҳамроҳии   муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода аз фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод дидан намуда, бо вазъи хизматрасонӣ дар ин муассисаҳои тандурустӣ  аз наздик шинос шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода бо ҷараёни  хизматрасонии тиббии беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур шинос шуда, бо наздикони беморон суҳбат намуданд ва доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» итттилоъ дода буд, гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти  роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуд. Ба ҳайати гурӯҳи  мазкур роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш шомил мебошанд.

Дар доираи сафар ба минтақаи Рашт гурӯҳи корӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, аз вазъ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ, тандурустию солимгардонӣ, қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаю осорхона, мактабҳои санъату мусиқӣ, мактаб-интернатҳо, инчунин, муассисаҳои нав сохташаванда дидан менамояд ва барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти онҳо тавсияву дастурҳои мушаххас манзур мекунад.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 12, 2022 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд