Имрӯз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо ва дигар идораҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 11, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 феврал Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,   Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳо соати 08:30 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳо доир мегардад.

Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 11:00 дар Кумитаи мазкур  баргузор мешавад.

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар корхонаи мазкур баргузор менамояд.

МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» нишасти матбуотиро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 15:00 дар Кумита (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро  бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 11, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид