Имрӯз Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 8, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 09:00 дар Агентӣ баргузор мешавад.

Кумитаи телевизион ва радио нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур  баргузор менамояд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 10:00 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (кӯчаи  Шодмонӣ, 58/1) нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар Суди Олии иқтисодӣ доир мешавад.

МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотиро соати 13:00 дар маҷлисгоҳи МД «Телевизиони Сафина» баргузор менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро  бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 8, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид