Раиси БМТ оид ба Кодекси нави андоз ибрози назар намуд

Февраль 23, 2022 11:22

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба гуфтаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода, дар Кодекси нави андоз барои низоми бонкӣ коҳиш додани гарониҳои андозӣ пешбинӣ гардида, ҳамзамон масъалаҳои баҳснок, мушкилоти духӯрагӣ ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Тавре Ҳоким Холиқзода меафзояд, Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт мутобиқ намудани андозбандии кишвар таҳия гардидааст.

Зимни вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти молиявию қарзӣ вай ҳамчунин содагардонии тарифҳо, аз байн бурдани омили инсонӣ ва коҳиши дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро тавассути маъмурикунонии андоз асоснок кардааст.

Зикр шуд, ки дар таҳияи кодекс шахсони масъули Бонки миллӣ иштирок намуда, тағйироти мавриди амал қароргирифта барои рушди бахши бонкӣ ва дар маҷмӯъ иқтисоди Тоҷикистон имконияти нав фароҳам меорад. Дар охир раиси БМТ зикр намуд, ки ҷорӣ намудани Кодекси нави андоз ба ҷалби сармоя, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва дастрасии маблағҳо таъсири мусбат мерасонад.

Вай ба ташкилоти қарзӣ дастур дод, ки фаъолияти мӯътадилро таъмин намуда, эътимоди мардумро ба низоми бонкӣ афзоиш диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз эътибор пайдо кард. Як қисми тағйирот давоми соли 2022 ва пас аз он фаъол карда мешаванд. Аз ҷумла, дар Кодекси андоз меъёри даромади андозбандишаванда барои муассисаҳои молиявӣ аз 23% ба 20% поён оварда шудааст.

 

АКС: БМТ

Февраль 23, 2022 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд