Ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъат: Бархе аз сарояндагон бо суруду мусиқии ғайрикасбӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд

Февраль 10, 2022 15:54

ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Cолҳои охир дар Тоҷикистон  сарояндагони зиёде рӯи саҳна омада, баъзе аз онҳо бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабуку бегона суруд хонда, ба ҷомеа,  бахусус ба  мафкураи ҷавонону наврасон таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳатто баъзе аз онҳо дар саҳнаи телевизион ба забони ноби тоҷикӣ дуруст суҳбат карда натавониста, калимаҳоро нодуруст талаффуз мекунанд. Ин матлабро Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки хуб мебуд  сарояндагон бештар мутолиа мекарданд, пеш аз омода намудани суруду оҳангҳо бо устодони санъат, донандагони вазни шеър суҳбат намуда, аз онҳо маслиҳат мепурсиданд. Дар ин сурат шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангу матнҳои сабук аз байн мерафт.

Мавсуф иброз дошт, ки матни  асил ва мусиқии касбӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи шунаванда ва мухлис қарор мегирад. Вале, мутаассифона, баъзе аз сарояндагон ба мазмуну муҳтавои суруд аҳамият намедиҳанд, яъне дониши казоии дарки шеъри асилро надоранд.

Сабаби аслии ин мушкилиро Ректори донишкада дар надоштани дониши зарурии мусиқии касбӣ ва кам мутолиа намудани китобҳои бадеӣ аз ҷониби баъзе аз ҳунармандон арзёбӣ намуд.

«Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат ду факултет: «Сарояндагии халқӣ» ва «Мусиқии созӣ» мавҷуданд, ки устодони ин факултаҳо ҳар нимсола ҳамроҳи шогирдон консерти ҳисоботӣ баргузор менамоянд, ки  дар ҳамаи ин барномаҳои консертӣ ба шогирдон дар хусуси интихоби дурусти суруду оҳанг суҳбат менамоем».

Зикр шуд, ки дар донишкада шӯрои бадеӣ ташкил гардида,  пеш аз чорабиниҳои фарҳангӣ суруду оҳангҳои пешниҳодгардидаро устодони санъат таҳлил намуда, сипас барои пешниҳоди он ба омма иҷозат медиҳанд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад