САНАДИ РӮҲБАХШУ РАҲНАМО. Андешаҳои Сардори Хадамоти иҷро дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, пеш аз ҳама, ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ, санади муҳим ва сарнавиштсозест, ки дар он Сарвари давлат самтҳои стратегии рушди мамлакатро дар ояндаи наздик эълом медоранд. Зарурияти ироаи Паём аз ҷониби Президент дар моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, навиштааст дар мақолаи худ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Барно САИДВАЛИЗОДА.

Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон менамоем.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сатмҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»–ро дар фароварди соли барои миллатамон таърихӣ, соле, ки 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурии азизамон бо шукӯҳу шаҳомоти хосса ва дастовардҳои беназир таҷлил шуд, метавон таҳлили сисолаи таърихи давлатдории навинамон ва барномаи минбаъдаи густурда дар ин самт донист. Зеро дар он роҳи тайкардаи халқи азизамон дар ин муддати сипаригашта, ки пур аз шебу фароз буд, бознигарӣ ва мақсаду марому ҳадафҳояшон давоми солҳои оянда муайяну мушаххасу барномарезӣ гардидаанд.

Мусаллам аст, ки бурду бохти ҳар давра бо корбурди қиёс ба давраҳои дигар баръало мегардад ва натиҷагирӣ муяссар мешавад. Аз ин хотир, бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон ва пеши назар рӯнамо сохтани дастовардҳои бесобиқаи дар сӣ сол ба дастомада Роҳбари давлат дар ибтидои Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои аввали давлатдории навинамон ишора намуда, ёддовар гардиданд, ки ҳастии миллати шарафманди моро дар он давра хатари нестӣ таҳдид мекард. Зеро бадхоҳони миллат тавонистанд бо истифода аз неруҳои дохилии ноогоҳу беҳувияту ифротгаро давлати тозабунёди моро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд. Бар асари нооромиҳо аркони давлатдорӣ фалач, беҳокимиятӣ ҳукмфармо, мардум сарсону саргардону иҷборан муҳоҷир ва даҳҳо мушкили дигар домангири халқамон гардид. Бояд ҳарчи зудтар тадбир андешида мешуд, то миллати мо аз вартаи нестӣ раҳо меёфт, низом барқарор ва пояҳои давлати навинамон таҳким меёфт. Ба эътидол овардани вазъияти ногувор ва дар кӯтоҳтарин фурсат хотима бахшидан ба ҷангу барпо кардани сулҳу субот аз умдатарин вазифаҳо ба шумор мерафтанд. Дар ҳамин шабу рӯз Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Воқеан ҳам, ин ҷаласа дар таърихи миллати тоҷик муҳимтарин рӯйдоди даҳаи охири қарни ХХ ба шумор меравад. Зеро маҳз бо баргузор гардидани он дар самти тағйири вазъи барои миллати мо басо хатарнок аввалин иқдомот андешида шуданд. Дар баробари таъсиси ҳукумати нав муҳимтарин қарорҳои барои давлатдориамон заруру ногузир қабул гардиданд. Ба як ибора, пояҳои нахустин ва воқеии давлати навини тоҷикон гузошта шуд.анд

Роҳбари давлат дар Паёми хеш дар мавриди нақши боризи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар тақдири миллату давлат чунин иброз доштанд: «…дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.

Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам. Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо – Парчами миллӣ низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуд».

Пас аз итмоми иҷлосия аз муҳимтарин коре, ки зери роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ ба иҷрои он иқдоми қатъӣ сурат гирифт, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо буд. Муяссар гардид, ки беш аз як миллион ҳамватанони мо ба сарзамини аҷдодии худ баргардонда шаванд. Ин иқдоми Роҳбари давлат ҳикмати бузург дошт ва ба хиради воло, дурандешӣ ва ояндабинии ӯ далолат мекард. Зеро, агар чунин иқдом роҳандозӣ намешуд, дарди сангини ғарибӣ, хорию забунӣ ва беҳуқуқӣ ҳамватанони моро умре домангир мегашт. Аз гузашта ва имрӯз даҳҳо далел метавон овард, ки дар ҳеч як кишваре, ки бо ин ё он сабаб шаҳрвандонаш ҷилои Ватан намуданд, аз тарафи зимомдорон чунин иқдом сурат нагирифтааст.

Чун ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар барқарор гардид, вазъ то ҳадде ба эътидол омад, шиддати оташи ҷанги таҳмилӣ паст гардид, тадриҷан зиндагӣ ба маҷрои маъмули худ баргашт, зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идоракунии давлатӣ ва дигар масоили муҳими давлатдорӣ муайяну мушаххас карда шавад. Бо ин мақсад дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори аввал аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсия қабул гардид.

Дар Паём дар робита ба ин санаи таърихӣ Роҳбари давлат чунин изҳори назар намуданд: «Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Сурди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи давлатӣ эълон гардид».

Зикр кардан ба маврид аст, ки маҳз бо баракати қабули Конститутсия шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти кишвар эътироф шуд, фаъолияти озоди иқтисодӣ ҷорӣ гардид, шакли нави фаъолият, яъне соҳибкорӣ ба миён омад, ки вуқӯи ин гуна таҳаввулот дар низоми иқтисод дар давоми солҳои минбаъда ба рушди зина ба зинаи кишвари азизамон мусоидат намуд.

Масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошту дорад. Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш бори дигар таъкид намуданд, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад, нақши ӯ дар тарбияи фарзандон ва эъмори ҷомеаи инсонпарвар бениҳоят бузург аст. Аз ин хотир, ба ҷо овардани иззату эҳтироми онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзӣ ва соҳиби касбу кор гардиданашон вазифаи ҷонии мо мебошад. Президенти мамлакат супориш доданд, ки: «…баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».

Дар Паём ба сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати мамлакат ишора шуд. Воқеан ҳам, дар ин самт дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ва шоистаи таҳсин сурат гирифтанд. Набояд фаромӯш созем, ки бо гузашти ҳамагӣ 7 сол аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне дар даврае, ки аз берун омадани кишвари азизамон аз ҷанги таҳмилӣ муддати тӯлоние нагузаштааст, аз тарафи Роҳбари давлат иқдоми башардӯстонае сурат гирифт, ки ҳатто дар кишварҳои орому пешрафтаву муттарақӣ, ки дар боби ҳимояи ҳуқуқи инсон ба дигарон панд медиҳанд, ба ҷорӣ кардани он то ҳол ҷуръат намекунанд. Манзури мо ба тасвиб расидани фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004 ва дар заминаи он қабул гардидани қонуни дахлдор аст. Дар ин замина дар кишвари мо ба ҷазои қатл ва иҷрои он мораторий эълон гардид.

Дар чаҳорчӯби чунин сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар  дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба қонун дар бораи афв қабул гардиданд, ки дар ҳошияи онҳо 170 000 нафар аз адои ҷазо озод карда шуданд. Соли 2021 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, 7 сентябр бори дигар қонуни афв қабул гардид, ки мутобиқи он 11500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда шуданд.

Барои касе пӯшида нест, ки даҳаи аввали даврони соҳибистиқлолии мо бо нооромӣ, кашмакашҳои дохилӣ, роҳандозии музокироти сулҳ ҷиҳати ба ифоқа овардани тарафҳои даргир, оғози раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғайра паси сар гардид. Раванди ободкориву созандагӣ танҳо аз даҳаи дуюми замони соҳибистиқлолӣ оғоз ёфт. Президенти мамлакат дар Паём  ба ин масъала ишора карда, баён доштанд, ки: «Дар натиҷа, аз даҳсолаи даврони Истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем. Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлкат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт».

Яке аз мушкилоти сангине, ки бар асари ҷо доштани нооромиҳо дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми мо ба он рӯ ба рӯ омад, ин камбуди ғизову таҳдиди гуруснагӣ буд ва он мубталошавӣ ба бемориҳои мухталифро низ дар пай дошт. Ин ҳолат гоҳо ба фавти одамон низ боис мегардид. Шоҳидони ҳол хуб медонанд, ки дар он замон чун низоми додугирифт ва содироту воридоти мол миёни давлатҳо ҷиддан коҳиш ёфта, ба ҳолати маъмул баргардондани он дар ояндаи наздик тасаввурнопазир буд, бояд тадбири фаврие андешида мешуд, ки аҳолии кишварро аз ин мушкил раҳо мекард. Ҳукумати вақт роҳи ягонаи ҳалли масъалаи бамиёномадаро дар роҳандозии ислоҳот дар соҳаи кишварзӣ ёфт ва ин иқдом бори нахуст дар давлатдории навинамон татбиқ карда шуд. Бо ин роҳ истифодаи самараноки обу замин аз тарафи соҳиби аслии он-деҳқон ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат таъмин гардид, ки дар оянда самараи хуб ба бор овард. Мардуми шарифи мо хуб дар ёд доранд, ки маҳз ҳамин иқдом он солҳову солҳои минбаъда боиси рафъи камбуди ғизо ва бо озуқаворӣ таъмин кардани аҳолии кишвар гардид.

Дар ин замина Роҳбари давлат дар Паём ёддовар гардиданд, ки: «Ҳанӯз дар солҳои оғози Истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд».

Маҳз бо роҳандозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тарзи истифода ва корбурди замин сурати дигар ба худ гирифт, ки барои обёрӣ гардидани 54 ҳазор гектар заминҳои нав ва ба кишти такрории зироат дар майдони наздик ба 200 ҳазор гектар замини обӣ замина гузошт.

Тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар андешида мешаванд, маҳз ба хотири некуаҳволӣ, беҳтар кардани шароити зист ва истиқомати мардуми шарифамон равона карда шудаанд. Барои касе пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиндагии сокинони кишвар сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, шароити зисти мардум хубтар гардид ва иқтисоди хонаводагиашон боло рафт. Дар робита ба ин дар Паём зикр гардид, ки: «… дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд».

Сарвари давлат ба афзоиши аҳолии кишвар ишора намуда, таъкид карданд, ки «дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то ба 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад».

Президенти мамлакат бо дарназардошти ин омил ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ минбаъд дар марказҳои шаҳракҳову ноҳияҳо бунёди хонаҳои бисёрошёнаро тақозои замон ва мувофиқи мақсад донистанд.

Бо мақсади беҳтару хубтар кардани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз, дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл, нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқаррар гардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Яке аз дастовардҳои нодири даврони соҳибистиқлолӣ- ин барқарорсозӣ ва бунёди роҳҳоест, ки мақоми ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доранд. Воқеан ҳам, рафту омад ва ҳамлу нақли маҳсулот миёни минтақаҳои кишвар ва берун аз он маҳз ба коромад будани роҳҳо дар тамоми фаслҳои сол алоқамандӣ дорад. Дар кишвари азизи мо, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дар фасли зимистон алоқа миёни минтақаҳо ба муддати моҳҳо аз миён мерафт. Маҳз ба хотири аз миён бурдани ин монеа, агарчанде вазъи иқтисодии кишвар хуб набуд, дар ин самт тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дида шуда, билохира, ба он ноил гардидем, ки кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба як кишвари транзитӣ табдил ёфт. Дар Паём зикр гардид, ки дар ин самт: «59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд».

Ҳамчунин дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022-2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ идома хоҳад ёфт.

Дигар масъалае, ки Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ислоҳоти ҷиддии он дастур доданд, ин соҳаи маориф ва низоми таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот буд. Зикр гардид, ки таҳким ёфтани пояҳои давлатдорӣ маҳз ба сатҳи маърифату дониши аҳолии он иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин тақозо мекунад, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, низоми таълим ба шакли нав ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба роҳ монда шавад.

Президенти кишвар дар робита ба дигаргуниҳои соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ёддовар шуданд, ки: «Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гиназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд».

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар панҷ соли минбаъда бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.

Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ишора намуда, пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 95 миллард сомонӣ расонда, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Президенти кишвар дар Паёми хеш фарҳангро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих баҳогузорӣ намуданд. Ёдовар гардиданд, ки дар робита ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллатамон дар дохили кишвар ва берун аз он аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон иқдомоти зиёде амалӣ гардид. Таъкид карданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллатамон аз вазифҳои муҳимтарини мост, зеро онҳо гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошанд. Ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносоии ҳамватанонамон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба китобу мутолиаи он, эҳёву рушди суннатҳои мардумӣ, шиносоии бештари ҷаҳониён ба арзишҳои бостониамон, тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, чопи силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, ба ҳар як оила ба таври ройгон дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз ин шуморанд. Аз самараи чунин иқдомот буд, ки боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо, яъне «Фалак» дар соли 2021  аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардида, бад-ин васила «Фалак» ва «Наврӯз» ҷаҳонӣ гардиданд. Дар ин росто пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани 2500-солагии «Тахти Сангин» ба рӯйхати ҷашноварҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд.

Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш бо таваҷҷуҳ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, омӯхтану донистани таърихи гузаштаи миллатамон дастур доданд, ки «олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳравандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд».

Волоияти қонун, таҳлили ҳамешагии қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили раванди иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ гардондани қонунҳо, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият татбиқ гардидани онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳравандон аз дигар нуктаи муҳиме буд, ки дар Паём ба он ишора гардид: «Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад».

Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ авзои сиёсии ҷаҳонро басо печида арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабтар мегардад. Ҳолати ҳукмфармо тақозо мекунад, ки бо мақсади  таъмини амнияти давлат ва ҷомеа Ҳукумати мамлакат ва тамоми сохторҳои дахлдор ба масъалаҳои марбут ба беҳтару хубтар кардани сифати хизмату зиндагии кормандони низомӣ, таҷдид ва ба талабот ҷавобгӯ гардондани техникаву таҷҳизоти Қувваҳои мусаллаҳ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии хизматчиёну кормандони марбута эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки вазъи ноороми кишвари ҳамсояи мо–Афғонистон на танҳо ба минтақа, балки ба фаротар аз он низ бетаъсир наҳоҳад монд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Роҳбари давлат аз минбарҳои баланди созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ тайи бист соли охир борҳову борҳо баҳри оромию ободии Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо карда буданд, ки барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии он бетараф набошанд. Мутаассифона, вазъияти сиёсии Афғонистон дар соли 2021 муташанниҷ гардид. Дар робита ба масъалаи мавриди назар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бори дигар мавеқи Тоҷикистонро ба таври мушаххас эълон доштанд: «Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад».

Ҳамзамон Роҳбари давлат аз сокинони кишвар даъват ба миён оварданд, ки дар чунин шароити душвор бояд мо ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро аз ҷон бештар дӯст дорем, бо корбурд аз мавқеи шаҳрвандии хеш бо меҳнати ҳалолу содиқонаи худ барои таҳкими пояҳои давлатдории навину соҳибистиқлоламон саҳми боризи худро гузорем ва фарзандони худро дар ҳамин рӯҳия ба воя расонем.

Хотиррасон мешавам, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат пеш аз ҳама ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ, санади муҳим ва сарнавиштсозест, ки дар он Сарвари давлат самтҳои стратегии рушди мамлакатро дар ояндаи наздик эълом медорад. Зарурияти ироаи Паём аз ҷониби Президент дар моддаи 55 Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст

Дар фароварди сухан мехоҳам зикр намоям, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёми сафобахшу сабзофар буд ва бардошти хешро аз он бо овардани як иқтибос хулоса менамоям, ки онро ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ҳамчун панд, ҳушдор, дастур ва супориши Роҳбари давлат бипазирад ва  зиндагию фаъолияти минбаъдаи худро дар ҳошияи он ба роҳ монад: «…Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, бо ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо. Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздик бартараф месозем. Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад».

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин