Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: Вазъияти имрӯза аз Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбӣ тақозо менамояд

Февраль 23, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан, вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбӣ тақозо менамояд. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт зимни суханронӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Дар баробари ин, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор метавонад дар муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилоти террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад.

«Мо возеҳан мушоҳида мекунем, ки ноором сохтани вазъият аз ҷониби чунин гурӯҳу равияҳо чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар аҳолии осоишта мегардад», — зикр карданд Пешвои миллат.

Дар чунин шароит, ба таъкиди Президенти мамлакат, ҳар хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмин намудани амнияти Ватан, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошад.

Дар шароити таҳаввулоти имрӯза дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.

Дар ин робита Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватан, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд