СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕТЕОРОЛОГӢ АЗ ОҚИБАТҲОИ ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ БОНГИ ИЗТИРОБ ЗАД. Қаблан дар ин бора Президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд

Февраль 15, 2022 13:06

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳидаҳои имрӯзаи гармшавии ҷаҳонӣ аз ҷумлаи шадидтаринҳо дар 200 ҳазор соли охир ба шумор мераванд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (СУМ) Петтери Таалас дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо муовини аввали директори генералии ТАСС Михаил Гусман изҳори назар намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйдодҳои 100 соли охир беназиранд. «Мо ба истифодаи сарватҳои зеризаминии сайёра – нафту газ шурӯъ кардем, ки ин боиси афзоиши партовҳои гази карбон ба фазо гардид, инҳо дар навбати худ газҳои гулхонаӣ мебошанд, ки ҳарорати қисмҳои поёнии атмосфераро зиёд мекунанд. Ин гуна гармшавии сахт давоми 200 ҳазор соли охир дида нашуда буд. Далелҳои хеле равшани илмӣ вуҷуд доранд, ки ин кор бидуни сӯзондани ангишт, нафт ва газ ғайриимкон буд”,-гуфт Петтери Таалас.

Ӯ таъкид кард, ки ҳар гуна номусоидии обу ҳаво набояд ба тағйирёбии иқлим марбут бошад. «Зимистони сард маънои онро надорад, ки тағйирёбии иқлим, гармшавӣ қатъ шудааст, чуноне ки зимистони гарм маънои онро надорад, ки ин аз тағйирёбии иқлим бошад. Дар баробари тағйирёбии иқлим дар мо то ҳол номусоидии муқаррарии обу ҳаво вуҷуд дорад»,-зикр намуд Дабири кулли Созмон.

Петтери Таалас ба ҷиддияти мушкили таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ишора кард, ки ин мушкилӣ бинобар тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон сар задааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз бузургтарин навъи офатҳои замони мо- ин обхезӣ мебошад. «Ҳоло ҳаво намноктар шудааст ва вақте ки борон меборад, онҳо назар ба пештара дунболадортаранд. Ва баъзе аз қисматҳои ҷаҳон хушктар гардидаанд»,-гуфт ӯ.

Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд сол инҷониб дар бораи пайомадҳои обшавии пиряхҳо дар пайи гармшавии глобалӣ бонги изтироб мезананд. Аз ҷумла, Сарвари давлат 24 сентябри соли 2021 зимни ироаи паёми видеоии худ ба иштирокчиёни иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилот ҷалб намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ дар бораи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳамчунин таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти сарпарастии СММ ёдовар шуданд.

Дар ҷаласаи якуми Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим тавассути видеоконфронси СММ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад. Зикр намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим ба ҳаёти ҳаррӯза дигаргуниҳо ворид мекунад ва аз ин рӯ, дар минтақаҳои гуногуни сайёра обшавии босуръати яхро мушоҳида мекунем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки мисоли рӯшани ин гуфтаҳо пиряхи Федченко мебошад, ки беш аз 75 километр дарозӣ дорад. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки тибқи таҳлилҳои олимон, дар тӯли 70-80 соли охир ин пирях беш аз як километр қафо рафта, масоҳаташ 44 километри мураббаъ кам шудааст. Ғайр аз ин он зиёда аз 15 километри мукааб ҳаҷми худро гум карда, суръати миёнаи қафоравии забонаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсатмадорон даъват намуданд, ки таваҷҷуҳи СММ-ро ба ин масъала ҷалб намоянд, зеро ин ҳама пайомадҳои хеле манфӣ ба бор хоҳад меоранд. Барои мисол, тибқи гуфтаи Пешвои миллат, обшавии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида боиси боло рафтани сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ мешавад ва ин дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар дар рӯи Замин таҳдид кунад.

 

АКС: Хадамоти матбуоти СУМ

Февраль 15, 2022 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шэнсии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд
Тоҷикистон дар муборизаи байналмилалӣ барои ҳифзи бабри барфӣ саҳм мегузорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Норасоии намӣ ба решаи дарахтон самаранокии боғотро паст мекунад
Густариши ҳамкории вилояти Хатлон бо музофоти Шэнсӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулот дар Тоҷикистон 14 озмоишгоҳ фаъолият дорад
Сарфаи неруи барқ танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст
«IMPERIУA TECHSTREAM — 2025». Дар Душанбе барои наврасон нахустин озмуни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Баҳодур Шерализода: «Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намудааст»
Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ба имзо расид
Ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид