ТАСС: Тиҷорат миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 аз сатҳи қабл аз пандемия гузашт

Февраль 25, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2022  /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 45 дарсад афзоиш ёфта, аз сатҳи пеш аз пандемия гузашт. Дар ин бора Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.

«Дар соли сипаригардида гардиши мол миёни кишварҳои мо беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, афзоиши он ба зиёда аз 45 фоиз расид. Ин ба мо имкон дод, ки на танҳо ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия баргардем, балки ба натиҷаҳои аз он ҳам баландтар ноил шавем»,- гуфт Раиси Шӯрои Федератсия зимни суханронӣ дар Форуми VII байнипарлумонии «Тоҷикистон – Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ».

Ӯ афзуд, ки Русия то ҳол шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. «Аксарияти кулли минтақаҳои Русия бо Тоҷикистон ба тиҷорати хориҷӣ машғуланд, садҳо корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки бо вуҷуди ин дар ҳамкории байниминтақавӣ иқтидори бузурги истифоданашуда ва кашфношуда низ вуҷуд доранд. Таваҷҷуҳи афзояндаи субъектҳои Федератсияи Русия ба густариши ҳамкорӣ бо минтақаҳои Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост», — тазаккур дод Раиси Шӯрои Федератсияи Русия.

Валентина  Матвиенко ба роҳбарони минтақаҳои ширкаткунандаи ҳамоиши байниминтақавӣ изҳори сипос намуда, хостори он гардид, ки назорат аз болои иҷрои созишномаҳои дуҷониба бо минтақаҳои Тоҷикистон пурзӯр карда шавад, «то ки онҳо танҳо асноди расмӣ набошанд, балки бо мазмуни мушаххас ҳам дар самти ҳамкории иқтисодӣ ва ҳам дар самти фарҳангию гуманитарӣ пур карда шаванд».

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд